Июн 15, 2023 10:56 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ: Режими саҳюнистӣ акнун дар мавзеъи инфиъол қарор дорад
    Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ: Режими саҳюнистӣ акнун дар мавзеъи инфиъол қарор дорад

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар дидори дабири кулли ҷунбиши Ҷиҳоди Исломии Фаластин ва ҳайати ҳамроҳ таъкид карданд: Режими саҳюунистӣ акнун дар мавзеъи инфиъол қарор дорад.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ имруз чаҳоршанбе дар дидори Зиёд Алнахола дабири кулли ҷунбиши Ҷиҳоди Исломӣ ва ҳайати ҳамроҳ зимни табрики пирузии Ҷиҳоди Исломӣ дар набарди Ғаза шароити имрузи режими саҳюнистиро дар муқоиса бо ҳафтодсоли қабл бисёр мутафовит донистанд ва таъкид карданд: Душмани саҳюнистӣ ирмуз дар мавзеъи инфиъол ва аксуламал аст ва ин шароит нишон медиҳад гуруҳҳои муқовимат ва Ҷиҳоди Исломии Фаластин масирерор ба дурусти шинохта ва бо тадбир дар ин масир пеш мераванд.

Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии дафтари мақоми муаззами раҳбарӣ, Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ бо таъкид бар ин ки дар аҳдоф ва корҳои бузург то замоне, ки хатар дар ҷон харида нашавад дастёби ба аҳдоф имконпазир нахоҳад буд гуфтанд: Имруз ба лутфи Худованд қудрат ва эътибори гуруҳҳои муқовимати фаластинӣ ва Ҷиҳоди Исломӣ рузафзун шуд ва шикати ахири режими саҳюнистӣ дар ҷанги 5 руза нишондиҳандаи ҳамин мавзуъ аст.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ хотирнишон карданд: Ҷиҳоди Исломии Фалатсин дар набарди ахири Ғаза имтиҳони хуби дод ва акнун шароити барои режими саҳюнистӣ нисбат ба ҳафтодсоли қабл тағир кард ва сарони саҳюнистӣ ҳақ доранд, ки нигарони надидани ҳаштодсолагии ин режим бошанд.