Июн 18, 2023 12:53 Asia/Dushanbe
  • Раиси Ҷумҳурии Узбакистон вориди Теҳрон шуд
    Раиси Ҷумҳурии Узбакистон вориди Теҳрон шуд

Раиси Ҷумҳурии Узбакистон дар сарварии ҳайати олирутба имруз якшанбе вориди Теҳрон шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Шавкат Мирзиёев раиси Ҷумҳурии Узбакистон бино ба даъвати Сайид Иброҳими Раисӣ раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Теҳрон сафар карда аст.

Рушди беш аз пеши равобити чанҷонибаи Узбакистон ва Эрон ва имзои санадҳои дуҷониба, густариши ҳамкори аз ҳадафҳои аслии сафари Шавкат Миризиёев ба Теҳрон аст.

Гуфтани аст Сайид Иброҳими Раисӣ раиси Ҷумҳруии Исломии Эрон бино ба даъвати Шавкат Мирзиёев раиси Ҷумҳурии Узбакистон рузҳои 14 ва 16 сентябри соли гузашта ба Тошканд сафар карда буд.

Барчасп