Декабр 24, 2016 10:53 Asia/Dushanbe
  • Рӯҳонӣ: Равобити наздик бо ҳамсоягон яке аз усули сиёсати хориҷии Эрон аст

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, яке аз усули сиёсати хориҷии Эрон равобити наздик бо ҳамсоягон, бавижа бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва минтақаи Қафқоз аст.

Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон шаби ҷумъа, пас аз бозгашт аз сафари расмӣ ба Арманистон, Қазоқистон ва Қирғизистон дар Теҳрон афзуд, дар шароити имрӯзи минтақа ҳарчи равобити Эрон бо кишварҳои минтақа ва ҳамсоягон наздиктар, машваратҳо бештар ва барномарезиҳо дақиқтар бошад, дар баробари мушкилот беҳтар истодагӣ хоҳад шуд. Ҳасани Рӯҳонӣ таъкид кард, дар шароити пасотаҳримӣ кишварҳои ҳамсоя ва минтақа алоқаманд ба густариши равобити иқтисодӣ бо Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳастанд, бинобар ин лозим аст, то осонсозиҳои лозим барои ин давра омода шавад.

Раисҷумҳури Эрон бо ишора ба зарурати рушди равобити Эрон бо Арманистон, Қазоқистон ва Қирғизистон ба унвони аъзои Иттиҳоди Авруосиё афзуд, дар ин сафар барои рушди муносиботи Эрон ва Иттиҳоди Авруосиё дар заминаи тарофаҳо, афзалияти тиҷорӣ, узвияти Эрон дар ин иттиҳод ройзанӣ ва гуфтугӯ шуд. Рӯҳонӣ бо таъкид ба зарурати осонсозии тиҷорат ва фаъолияти фаъолони иқтисодӣ барои тавсеаи муносибот бо дигар кишварҳо гуфт, дар сафар ба Арманистон, Қазоқистон ва Қирғизистон дар бораи осон кардани судури раводид барои рафтуомади роҳаттари тоҷирон, сармоягузорон ва мардум гуфтугӯ шуд.

Раисҷумҳури Эрон пас аз сафари серӯза ва дидор бо раисони ҷумҳуриҳои Арманистон, Қирғизистон ва Қазоқистон, ширкат дар ҳамоиши тиҷории Эрону Арманистон ва имзои 15 санади ҳамкорӣ шаби гузашта ба Теҳрон бозгашт.

 

Барчасп