Июн 23, 2023 17:49 Asia/Dushanbe
  • Бозии ҷолиби Эрон бо Кореяи Ҷанубӣ
    Бозии ҷолиби Эрон бо Кореяи Ҷанубӣ

Конфедератсияи Футболи Осиё аз бозии ҷаззобу намоиши хиракунандаи навҷавонони эронӣ баробари Кореяи Ҷанубӣ ситоиш кард.

Конфедератсияи Футболи Осиё дар бораи бозии ҷаззоби Эрон ва Кореяи Ҷанубӣ дар Ҷоми миллатҳои зери 17 соли Осиё -2023 гузорише мунташир карду навишт, мумкин буд рӯҳияи тими Эрон пас аз тасовӣ дар бозии қаблӣ муқобили Қатар тазъиф шуда бошад, аммо навҷавонони Эрон намоише хиракунанда дар охирин дидори худ дар Ҷоми миллатҳои осиёии зери 17 соли Таиланд - 2023 муқобили Кореяи Ҷанубӣ доштанд.

Бар асоси ин гузориш, ду голи сареъ дар нимаи аввал боис шуд навҷавонони Эрон бо натиҷаи 2 бар сифр пирӯз шаванд ва ба унвони тими аввали гуруҳ ба марҳилаи ҳазфӣ роҳ пайдо кунанд, ки ҳаштумин мартаба дар 12 бори ҳузурашон дар ин рақобатҳо ва албатта аввалин бор аз соли 2016, ки ба унвони тими дувум роҳии марҳилаи баъд шуда буданд.

Гуфтанӣ аст, Эрон дар марҳилаи якчаҳоруми ниҳоӣ ба масофи Яман меравад ва Кореяи Ҷанубӣ бо Таиланд бозӣ хоҳад кард.

 

Барчасп