Табрики Иди саиди Қурбон
Панҷшанбе даҳуми зилҳиҷҷаи 1444 ҳиҷрии қамарӣ баробар бо 29 июни 2023 " Иди саиди Қурбон " ё " Иди Азҳо " аз идҳои бузурги мусулмонон дар Эрон аст.
Дар Иди саиди Қурбон ҳоҷиёне, ки ба зиёрати хонаи Худо рафтаанд, ба дастури Худованд ва барои ризои Ӯ қурбонӣ мекунанд ва хотираи Паёмбари бузурги илоҳӣ, ҳазрати Иброҳим ( а )-ро зинда ва гиромӣ медоранд. Худованд барои озмудани имону ихлос ба ҳазрати Иброҳим (а) маъмурият дод, ки фарзандаш ҳазрати Исмоил ( а )-ро дар роҳи Худо қурбонӣ кунад . Ҳазрати Иброҳим ( а ) бо вуҷқди душвории ин кор ба фармони илоҳӣ гардан ниҳод ва барои иҷрои ин маъмурият муҳайё шуд, аммо ҳарчӣ талош кард корд гулӯи фарзандаш ҳазрати Исмоил ( а )-ро набурид . Дар ин ҳол ба ҳазрати Иброҳим ( а ) хитоб шуд аз имтиҳони илоҳӣ сарбаланд берун омадааст ва он гоҳ гӯсфанде фиристода шуд то вай онро ба ҷои ҳазрати Исмоил ( а ) қурбонӣ кунад . Ин моҷарои ибратангез дарси фидокорӣ, аз худгузаштагӣ, ғалаба бар ҳавои нафс ва таслим дар баробари фармони Худованд аст . Ба ҳамин далел мусулмонони ҷаҳон низ рӯзи даҳуми зиҳаҷҷаро ба унвони як иди бузургу бошукӯҳи исломӣ гиромӣ медоранд ва аз он дарси ихлос ва бандагӣ меомӯзанд. Садо ва Симои Ҷумҳурии исломии Эрони фаро расидани Иди саиди Қурбонро ба ҳамаи мусулмонони ҷаҳон табрику таҳният мегуяд.