Баргузории намози Иди саиди Қурбон дар саросари Эрон
Бо ҳузури густардаи мардум намози Иди саиди Қурбон дар саросари Эрон баргузор шуд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ( панҷшанбе ) даҳуми зилҳаҷҷаи 1444 ҳиҷрии қамарӣ баробар бо 29 июни 2023 Иди саиди Қурбон " ё " Иди Азҳо " аз идҳои бузурги мусулмонон аст.
Ба ҳамин муносибат намози Иди саиди Қурбон бо ҳузури густардаи мардум дар саросари Эрони исломӣ аз ҷумла ҳарами мутаҳҳари Имом Ризо ( а ) дар Машҳади муқаддас ( шимолу шарқи Эрон ), ҳарами ҳазрати Маъсума ( с ) дар шаҳри Қум ва дигар маконҳои мазҳабӣ баргузор шуд .
Ҳамзамон бо саросари Эрон намози Иди саиди Қурбон дар Теҳрон субҳи имрӯз панҷшанбе бо ҳузури намозгузорон ба имомати оятуллоҳ Сайидаҳмади Хотамӣ дар донишгоҳи Теҳрон барпо шуд .