Июл 01, 2023 10:14 Asia/Dushanbe
  • Раисӣ : Мухолифати фаъол бо тавҳини бархе кишварҳои ғарбӣ ба соҳати Қуръон вазифаи уммати исломӣ аст

Раиси Ҷумҳурии Эрон дар гуфтугӯи телефонӣ бо раиси ҷумҳӯри Алҷазоир мухолифати фаъол бо тавҳини бархе кишварҳои ғарбӣ ба соҳати Қуръони Маҷид ва таҷовузгарӣ ва ишғолгарии режими саҳюнистиро вазифаи ҳамаи оҳоди уммати исломӣ донист.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз пойгоҳи иттилоърасонии раёсати ҷумҳурии Эрон, Сайидиброҳими Раисӣ дар ин гуфтугӯи телефонӣ бо таъкид бар иродаи давлати Ҷумҳурии исломии Эрон бар тавсеаи равобит бо кишварҳои исломӣ ва дӯсту ҳамсӯ ибрози умедворӣ кард бо тавваҷуҳ ба зарфиятҳои қобили тавваҷуҳи мутақобил равобити ду кишвар бавижа дар ҳавзаҳои тиҷорӣ ва иқтисодӣ рӯз ба рӯз густариш ёбад.
Абдулмаҷид Табун-раиси ҷумҳӯри Алҷазоир низ дар ин гуфтугӯи телефонӣ бо табрики мутақобили иди Қурбон ба давлату миллати Эрон бар дифо аз ҳувияти исломӣ ва алоқамандии кишвараш барои густариши равобит бо Ҷумҳурии исломии Эрон дар ҳамаи арсаҳо таъкид кард .

 

Барчасп