Таъкиди Лориҷонӣ бар зарурати таомули ҳамаи кишварҳои ҷаҳон барои тақвияти сулҳ
(last modified Sat, 24 Dec 2016 13:25:35 GMT )
Декабр 24, 2016 18:25 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Лориҷонӣ бар зарурати таомули ҳамаи кишварҳои ҷаҳон барои тақвияти сулҳ

Раиси Маҷлиси Шӯрои Исломи Эрон, дар паёме ба раисони маҷлисҳои ҳамаи кишварҳои ҷаҳон таъкид кард, Маҷлиси Эрон омодаи таомул ва ҳамкории муштарак барои тақвияти сулҳ аст.

Ба гузориши ИРНА, Алии Лориҷонӣ, раиси Маҷлиси Эрон дар ин паём, ки рӯзи шанбе хитоб ба раисони маҷлисҳои кишварҳои ҷаҳон ирсол шуд, тасреҳ кард, омӯзаҳо ва таолими паёмбарони Илоҳӣ навиддиҳандаи сулҳ, адолат ва  растгории ҷомеаи инсонӣ аст, ки ҷаҳони кунунӣ беш аз ҳар замони дигаре ба он ниёз дорад.

Лориҷонӣ дар ин паём, зимни табрики фарорасидани солрӯзи милоди ҳазрати Исои Масеҳ (ъ ) ва соли нави милодӣ унвон кард, тақаддум асли таомул ва гуфтугӯи пайравони адёни Илоҳӣ, барои ноил шудан ба ормонҳо ва аҳдофи волои паёмбарони бузурге, монанди ҳазрати Исо (ъ) иҷтиноб нопазир аст.

Дар ин паём бар нақш ва ҷойгоҳи муҳимми намояндагони миллатҳо дар парлумонҳо, барои таомул бо ҳадафи барқарорӣ ва тақвияти сулҳ таъкид шудааст.