Июл 10, 2023 18:30 Asia/Dushanbe
  • Раиси ҷумҳури Эрон: Зарфиятҳои мутанавеъи барои густариши равобити Эрон ва Филипин вуҷуд дорад
    Раиси ҷумҳури Эрон: Зарфиятҳои мутанавеъи барои густариши равобити Эрон ва Филипин вуҷуд дорад

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт: Эрон ва Филипин зарфиятҳои мутанавеъ ва хуби барои густариши равобити дуҷониба доранд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Сайид Иброҳими Раисӣ раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон рузи якшанбе дар ойини дарёфти устуворномаи Реберту Ҷимонолу сафири ҷадиди Филиппин дар Эрон бо ишора ба савобиқи равобити дустонаи ду кишвар ибрози умедвори кард, ки сафири Филиппин бо ҳамкории масъулони марбута дар Эрон битавонад гомҳои баланди дар заминаи иртиқои сатҳи равобит байни ду кишвар бардорад.

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон таъкид кард: Зарфиятҳои мутанавеъ ва хуби дар Эрон ва Филиппин вуҷуд дорад, ки фаъол кардани онҳо ба густариши ҳамкориҳо ва тақвияти равобити дуҷониба ва рушди таъомулоти байналмилалӣ мунҷар хоҳад шуд.

Реберто Ҷимонолу сафири ҷадиди Филиппин дар Эрон низ бо ишора ба ин ки ду кишвар соли оянда шастушашумин солгарди барқарории равобити дипломотик бо якдигарро ҷашн хоҳанд гирифт гуфт: Эрон яке аз қадимитарин шарикони Филиппин дар Осиё аст ва равобити ду кишвар дар солҳои гузашта комилан дустона ва самими буд ва ҳеҷгоҳ мушкил ва масъалаи миёни онҳо вуҷуд надошта аст.

Барчасп