Раисӣ : Зарфиятҳои зиёде барои тавсеаи таъомулот миёни Эрону Узбекистон вуҷуд дорад
Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон гуфт : Зарфиятҳои зиёде барои тавсеаи таъомулот миёни Эрону Узбекистон вуҷуд дорад,ки бо шитоб дар иҷрои тавофуқоти суратгирифта фаъол хоҳад шуд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Сайидиброҳими Раисӣ-раиси Ҷумҳурии исломии Эрон рӯзи душанбе дар гуфтугӯи телефонӣ бо Шавкат Мирзиёев-раиси Ҷумҳурии Узбекистон бо табрики интихоби дубораи ӯ дар интихоботи раёсати ҷумҳурии ин кишвар, ибрози умедворӣ кард дар давраи ҷадид низ равобити иқтисодӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва тиҷории дуҷониба дар сояи азму иродаи ҷиддии сарони ду кишвар беш аз пеш густариш ёбад .
Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон рушди равобити Ҷумҳурии исломии Эрон бо Узбекистон дар ду соли гузаштаро қобили қабул донист ва таъкид кард : Зарфиятҳои зиёде барои тавсеаи таъомулот миёни Эрону Узбекистон вуҷуд дорад,ки умед аст бо шитоб дар иҷрои тавофуқоти суратгирифта фаъол хоҳад шуд дар сафарҳои мутақобили раисони ҷумҳурии ду кишвар ин зарфиятҳо ҳар чи бештар фаъол шаванд .
Шавкат Мирзиёев-раиси ҷумҳурии Узбекистон низ бо қадрдонӣ аз табрики раиси Ҷумҳурии исломии Эрон гуфт : Раванди густариши ҳамкориҳои Узбекистон бо Ҷумҳурии исломии Эрон дар давраи ҷадид дар ҳавзаҳои мухталифи дуҷонибаву минтақаӣ аз ҷумла дар чорчӯби Созмони ҳамкории Шанхай бо қуввату ҷиддияти бештар тадовум хоҳад ёфт.
Бештар бихонед :
- Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ: Қаробати таърихӣ, фарҳангӣ ва илмии Эрон ва Узбекистон беназир аст