Декабр 25, 2016 13:24 Asia/Dushanbe
  • Як бонуи олмонӣ дар ҳарами мутаҳҳари Разавӣ мусулмон шуд

Як бонуи 25 солаи олмонӣ дар нахустин ташрифи худ ба ҳарами мутаҳҳари Разавӣ ба дини Ислом мушараф шуд.

Ба гузориши хабаргузории Аҳли байт (ъ) Абно, Ҳоно Неле Ризо пас аз адои шаҳодатайн, ном Заҳроро барои худ интихоб кард.

Ҳоно Неле Ризо гуфт, ман бо мутолиаи китобҳои исломӣ, номи Заҳроро беҳтарин ном шинохтам ва умедворам бо улгӯгирӣ аз ҳазрати Заҳро (с) ва тавассул ба аҳли байт (ъ) ончиро, ки Худованд барои ман таклиф қарор додааст анҷом диҳам.

Вай афзуд, иллати аслии алоқамандии ман ба дини Ислом мутолиаи матолибе дар мавриди имоми Ҳусайн (ъ) ва ошноӣ бо воқеаи Карбало ва шеваи ба шаҳодат расидани имом Ҳусайн(ъ) ва ёронаш аст ва ман як сол аст, ки ба тавриғайри расмӣ ба дини Ислом гиравидаам, аммо имрӯз бо иқрори шаҳодатайн дар ҳарами мутаҳҳари Разавӣ ба таври расмӣ, мусулмон ва шиа шуданамро бовар кардам.

Ҳоно Неле Ризо изҳор кард, эҳсос мекунам бо ҳузур дар ҳарами мутаҳҳари имом Ризо (ъ) як ҳолати рӯҳонӣ, оромиш ва ҳисси муҳаббат ва дӯстӣ нисбат ба аҳли байт (ъ) дар дарунам эҷод шудааст.

Вай бо баёни ин ки Қуръон каломи Худованд аст ва ҳеч башаре тавоноии навиштани чунин китоберо надорад, гуфт, дар байни адён дини Ислом аз ғанитарин манобе мислм Қуръон ва ривояоти аҳли байт (ъ) бархӯрдор аст.

Маҳсулоти фарҳангӣ шомили китобҳо, Қуръон ба забони олмонӣ, чодари намоз ва ҷонамоз ба расми ёдбуд аз сӯи мудирияти зоирони ғайри эронии Остони қудси Разавӣ ба ин бонуи тоза мусулмон шуда эҳдо шуд.

 

 

Барчасп