Декабр 25, 2016 20:29 Asia/Dushanbe
  • Ибрози ҳамдардии Эрон бо давлат ва миллати Русия

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон бо ибрози таассуф аз суқути ҳавопаймои русӣ дар баҳри Сиёҳ, бо давлат ва миллати Русия ибрози ҳамдардӣ кард.

Баҳроми Қосимӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон ҷон бохтани беш аз 90 нафар дар ҷараёни суқути ҳавопаймои Ту- 154-и Русия дар баҳри Сиёҳро ба мардум, давлати Русия ва хонаводаҳои кушташудагон таслият гуфт.

Ҳавопаймои Вазорати дифои Русия рӯзи якшанбе аз навъи Ту- 154 дақоиқе пас аз бархостан аз фурудгоҳи Сочи аз сафҳаи радар хориҷ шуд.

Ин ҳавопаймои русӣ аз Сочи ба мақсади Лозқияи Сурия дар соҳили шарқии баҳри Медитарона дар ҳоли ҳаракат буд, ки дар баҳри Сиёҳ суқут кард.

Дар ин ҳавопаймо хабарнигорон, персонали низомӣ ва мусиқидонҳои гурӯҳи Александров ҳузур доштанд.

Лошаи ҳавопаймои русӣ дар атрофи соҳилҳои Сочи, дар баҳри Сиёҳ кашф шудааст.

 

Барчасп