Июл 19, 2023 13:00 Asia/Dushanbe

Ҳамзамон бо фарорасидани моҳи муҳаррам ойини таъвизи парчами мутаҳари Сайидушуҳадо(а) шомгоҳи сешанбе бо ҳузури ҳазорон зоир ва бо сардодани шиъори "лабайка ё Ҳусейн" баргузор шуд.

Ба гузориши ИРНА, ҳамасола дар ин шаб парчами сурхи гунбади ҳарами мутаҳҳари имом Ҳусейн (а) ба нишонаи оғози мавсими аъзодорӣ ва аёми аъзои имом Ҳусейн (а) ва ёронаш дар моҳи муҳарам бо парчами сиёҳ таъвиз мешавад.

Имруз чаҳоршанбе нахустин рӯзи моҳи муҳаррамулҳаром ва оғози соли 1445 ҳиҷрии қамарӣ аст ва Эрони исломӣ монанди ҳарсола дар сувги шаҳодати имом Ҳусейн (а) ва ёронаш сиёҳпуш шуда ва омодаи аъзодороии ҳусейнӣ аст.

 

Бештар бихонед: