Амирабдуллоҳиён : Баҳонаи озодии баён набояд муҷаввизи иҳонат ба муқаддасоти мусулмонон шавад
Вазири умури хориҷаи Эрон гуфт : Набояд ба баҳонаи озодии баён иҷозаи иқдоми иҳонатомез ба муқаддасоти мусулмонону пайравони динҳои илоҳӣ дода шавад.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Ҳусайни Амирабдуллоҳиён-вазири умури хориҷаи Эрон рӯзи якшанбе дар дидори Владимир Орлич-раиси порлумони ҷумҳурии Сербия иҳонат ба Қурони карим дар Шветсияву Данияро омили ҷариҳадор шудани эҳсосоти ду миллиард мусулмон дар ҷаҳон донист ва афзуд : Иҳонат ба кутуби осмонӣ маҳкӯм аст ва набояд ба баҳонаи озодии баён иҷозаи иқдоми иҳонатомез ба муқаддасоти мусулмонону пайравони адёни илоҳӣ дода шавад .
Аамирабдуллоҳён ҳамчунин раванди рушди муносиботи Эрону Сербия дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро мусбат арзёбӣ ва ибрози умедворӣ кард табодули ҳайатҳо дар сутӯҳи олӣ миёни ду кишвар истимрор дошта бошад ва дар густариши ҳарчӣ бештари ҳамкориҳо ифои нақш кунанд .
Раиси порлумони ҷумҳурии Сербия низ бо қадрдонӣ аз сиёсати усулии Ҷумҳурии исломии Эрон дар ҳимоят аз тамомияти арзӣ ва ҳокимияти миллии кишвараш дидор ва мулоқотҳои анҷомшуда бо раиси Ҷумҳурии исломии Эрон ва ҳамчунин раёсати Маҷлиси шӯрои исломӣ ва бархе вазирони эрониро муфид арзёбӣ ва бар иродаи давлат ва порлумони Сербия барои афзоиши муносиботи ҳамаҷониба бо Ҷумҳурии исломии Эрон таъкид кард.
Владимир Орлич бо арзёбии мусбат аз ҳамкории порлумонҳои Эрону Сербия тасреҳ кард : Ба далели аҳамияти муносибот бо Ҷумҳурии исломии Эрон гуруҳи дӯстии порлумонӣ бо Ҷумҳурии исломии Эрон дар порлумони Сербия аз пуршумортарин гуруҳҳои дӯстӣ маҳсуб мешавад .
Владимир Орлич-раиси порлумони Сербия барои дидор ва гуфтугӯ бо мақомоти олирутбаи Ҷумҳурии исломии Эрон шомгоҳи шанбе дар садри ҳайати порлумонӣ вориди Теҳрон шуд.
Бештар бихонед :