Июл 26, 2023 09:41 Asia/Dushanbe
  • Ҳузури Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар маросими азодории ҳазрати Абоабдиллоҳил Ҳусайн (а)
    Ҳузури Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар маросими азодории ҳазрати Абоабдиллоҳил Ҳусайн (а)

Дуюмин шаб аз маросими азодории ҳазрати Абоабдиллоҳил Ҳусайн (а), мусодиф бо шаби ҳаштуми моҳи Муҳаррамулҳаром дар ҳусайнияи имом Хумайнӣ (раҳ) бо ҳузури Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ сешанбешаб баргузор шуд.

Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии дафтари мақоми муаззами раҳбарӣ, дар ин маросим ҳуҷҷатулислом валмуслимин Ҳоҷи Алиакбарӣ дар бораи абъоди шахсиятии ҳазрати Алӣ Акбар (а ) ба унвони улгӯи тарбиятии тарози исломӣ барои ҷавонон, ба суханронӣ пардохт ва дар идома Сайид Маҷид бани Фотима дар васфи ин шаҳиди воломақоми Карбало марсиясароӣ ва навҳахонӣ кард.

Маросими азодории солори шаҳидон дар ҳусайнияи имом Хумайнӣ (раҳ) то шанбеи шаби ҳафтуми мурдодмоҳ идома хоҳад дошт.

 

Барчасп