Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон : Ному ёди ҳазрати Абоабдуллоҳ ( а ) боиси ваҳдати бештари ҷомеъа мешавад
(last modified 2023-07-29T05:08:35+00:00 )
Июл 29, 2023 10:08 Asia/Dushanbe
  • Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон : Ному ёди ҳазрати Абоабдуллоҳ ( а ) боиси ваҳдати бештари ҷомеъа мешавад

Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон таъкид кард : Ному ёди ҳазрати Абоабдиллоҳ (а ) ва ёди шуҳадои Карбало боиси ваҳдати бештари ҷомеъа мешавад ва дар зери ин парчам дилҳову андешаҳо ба ҳам гиреҳ мехӯрад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, хатиби намози ҷумъаи Теҳрон бо ишора ба тақоруни рӯзи ҷумъа бо Ошӯрои ҳусайнӣ гуфт : Ному ёди ҳазрати Абоабдиллоҳ (а ) ва ёди шуҳадои Карбало барои ҳамеша ба дилҳо маънавият ва тароват медиҳад ва боиси ваҳдати бештари ҷомеъа мешавад ва дар зери ин парчам дилҳову андешаҳо ба ҳам гиреҳ мехӯрад .
Ҳоҷиалиакбарӣ рӯзи Ошӯроро рӯзи таҷдиди аҳд хонду афзуд : Имрӯз рӯзи таҷдиди аҳд барои идомаи роҳи Абоабдиллоҳилусайн ( а ) аст; роҳе ки пеши рӯйи миллати азизи Эрон боз шуд роҳи иззат, ифтихор, бозгашт ба бандагии Худо, тамассук ба Қуръон ва итрати Паёмбари аъзам аст.
Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон бо ишора ба беҳурматӣ нисбат ба Қуръони карим гуфт : Ин хаёли хому ботили душманони ислом аст, агар хостанд дуқутбӣ байни пайравони адён дуруст кунанд ва муваффақ нашуданд, чун мусулмонҳо ба ҳамаи китобҳои осмонӣ эҳтиром мекунанд.
Алиакбарӣ тасреҳ кард : Агар мехостанд исломҳаросиро тарвиҷ кунанд боиси тарвиҷи бештари Ислому Қуръон дар минтақаи худашон хоҳад шуд ва агар хостанд бо ақабаи саҳюнистӣ номи мардуми Фаластинро таҳти таъсир қарор диҳанд бидонанд, ки имрӯз садои заволу фурӯ рехтани аркони зисти пур аз нанги онҳо дар ҳама олам шунида мешавад.
 

 

Барчасп