Июл 29, 2023 17:54 Asia/Dushanbe
  • Рақобатҳои юниверсиадаи донишҷӯёни Эрон дар Чин
    Рақобатҳои юниверсиадаи донишҷӯёни Эрон дар Чин

Дар нахустин рӯзи рақобатҳои юниверсиадаи донишҷӯёни ҷаҳон Шоҳин бани Толибӣ дар вушу нахустин медали Эронро касб кард ва тими тапончаи бодии занони Эрон ҳам рӯи сакӯи сеюми мусобиқот истод.

Ба гузориши ИРНА, дар риштаи талофурми вушу Шоҳин бани Толибӣ дар радаи сеюм истод ва аввалин медали корвони донишҷӯёни Эрон ба ранги бронзро касб кард. Намояндагони Чину Ҳонгконг медали тилло ва нуқра гирифтанд.

Дар идомаи рақобатҳои тирандозии юниверсиадаи донишҷӯёни ҷаҳон дар Чин тими тирандозии Эрон муташаккил аз Ҳония Рустамиён, Лаъё Муҳаммадӣ ва Фотимаи Шикорӣ дар моддаи тапончаи бодии 10 метрии занон дар радаи сеюм истод ва нишони бронзро гирифт.

Ду тирандози Эрон - Ҳония Рустамиён ва Лаъё Муҳаммадӣ ба финали инфиродии ин модда расиданд, ки ва барои касби медали тилло мубориза хоҳанд кард.

 

Барчасп