Август 03, 2023 19:04 Asia/Dushanbe
  • Амирабдуллоҳиён : Фасли нав дар равобити Эрону Покистон поягузорӣ шудааст

Вазири умури хориҷаи Эрон бо таъкид бар аҳамияти қаробатҳои наздики Эрону Покистон, гуфт : Фасли ҷадиде дар равобити ду кишвари ҳамсоя дар давлати сездаҳуми Эрон поягузорӣ шудааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Ҳусайни Амирабдуллоҳиён,вазири умури хориҷаи Эрон дар оғози вуруд ба Исломобод, пойтахти Покистон афзуд : Дар дидор бо вазири умури хориҷаи Покистон ва бархе дигар аз мақомоти олирутбаи ин кишвар дар бораи равобити сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷорӣ, марзӣ ва гардишгарии дуҷониба гуфтугу хоҳад шуд. Амирабдуллоҳиён гуфт : Аз ду рӯзи гузашта тими иқтисодии Ҷумҳурии исломии Эрон дар Исломобод ҳузур дорад ва музокироти муассире миёни ҳайатҳои иқтисодии ду кишвар анҷом шуд. Ҳусайни Амирабдуллоҳиён-вазири умури хориҷаи Эрон дар садри ҳайати олирутбаи сиёсӣ – порлумонӣ ва иқтисодӣ ба даъвати Биловал Буҳутто Зардорӣ-вазири умӯри хориҷаи Покистон барои сафари серӯзаи расмӣ чаҳоршанбешаб вориди Исломобод шуд .

 

Барчасп