Август 04, 2023 17:32 Asia/Dushanbe

Вазири умури хориҷаи Эрон дар шаҳри Карочӣ аз номи ҷадиди хиёбони Авлад Клифтун, ки ба номи Имом Хумайнӣ ( раҳ ) тағйир пайдо кардааст, рӯнамоӣ кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ба ибтикори сарконсулгарии Ҷумҳурии исломии Эрон дар Карочӣ хиёбоне, ки ба номи Имом Хумайнӣ ( раҳ ) тағйири исм пайдо карда ба шоҳроҳи Эрон васл шудааст.
Ҳусайни Амирабдуллоҳиён-вазири умури хориҷа Эрон имрӯз ( ҷумъа ) вориди Карочӣ шуд ва дар оғози вуруд ба ин шаҳр бо ҳузур дар маҳали мақбараи Муҳаммадалии Ҷиноҳ- бунёнгузори Покистон бо нисори тоҷи гул адои эҳтиром кард.
Муҳаммадалии Ҷиноҳ, вакили додгустарии сиёсатмадору бунёнгузори Покистон аз соли 1913 то замони ташкили Кашмири мустақили Покистон дар 14 августи 1947 ба унвони раҳбари Иттиҳодияи мусулмонони саросари Ҳинд хизмат кард.
Вазири умӯри хориҷаи Эрон дар дуюмин рӯз аз сафари расмии худ ба Покистон рӯзи гузашта дар шаҳри Ровилпендӣ бо генерал  Сайидосим Мунир-фармондеҳи артиши Покистон дидор ва дар бораи охирин таҳаввулоти муртабит бо ҳамкориҳои дуҷониба табодули назар кард.
Вазири умӯри хориҷаи Эрон дар аввалин ҷаласаи кории худ дар Исломобод низ бо Биловал Буҳутто Зардорӣ-вазири умӯри хориҷаи Покистон дидор ва сипас дар конфаронси матбуотии муштарак ҳозир шуд.
Раиси дастгоҳи сиёсати хориҷии Эрон ҳамчунин бо Шаҳбоз Шариф-нахуствазири Покистон ва раисони Маҷлисҳои Сенат ва Миллии ин кишвар дидор кард.
Равобити Эрону Покистони умре ба дарозои таърихи истиқлоли Покистон дорад ва дар солҳои ахир равобити Теҳрон - Исломобод дар бахшҳои мухталиф рӯ ба рушд будааст.
Покистон ба унвони яке аз кишварҳои ҳамсояи Эрон бо беш аз 900 километр марзи хушкӣ пас аз Ироқ дорои тӯлонитарин марзи муштарак бо Эрон аст .
 

 

Барчасп