Август 07, 2023 18:27 Asia/Dushanbe
  • Амирабдуллоҳиён: Ҷанг дар Украина роҳи ҳал нест
    Амирабдуллоҳиён: Ҷанг дар Украина роҳи ҳал нест

Вазорати умури хориҷаи Эрон бо баёни ин ки ҷанг дар Украина роҳи аҳл нест таъкид кард Эрон мухолифи мусалаҳ кардани тарафайни даргири дар Украина аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс, Ҳусейн Амирабдуллоҳиён вазири умури хориҷаи Эрон, ки дар Тоё ҳузур дорад дар нишасти хабари дар бораи Украина ва ҳамкориҳои низомии Эрон ва Русия гуфт Эрон ҳеҷ паҳподи барои истифода дар ҷанги Украина дар ихтиёри ҳеҷтарафи қарор надода аст.

Амирабдуллоҳиён бо баёни ин ки Русия худ яке аз бузургтарин тавлидкунандагон ва содиркунандагони силоҳ дар ҷаҳон аст афзуд: Бар асоси гузориши мунташиршуда дар Ҷопон умдаи қатаъоти бакорафташудаи низоми дар ҷанги Украина аз кишварҳои ғарби таъмин шуда аст.

Вазири умури хориҷаи Эрон таъкид кард, ки дар тамоси телефони бо вазири хориҷаи Украина ба у гуфта аст, ки ҳеҷ санади иддаои дар ихтиёр надорад ва иттиҳомот дар хусуси корбарии паҳподи эронӣ дар ҷанги Украина комилан ғалат ва нодуруст аст.

Амирабдуллоҳиён бо баёни ин ки Эрон мухолифи таслиҳи ҳар яке аз тарафайни ҷанг дар Украина аст афзуд: Идомаи ирсоли густардаи силоҳҳои амрикоӣ ва ғарби ба Украина омили ноамни, бесуботи, куштор ва вайронии бештар дар ин кишвар аст.

Барчасп