Таъкиди Вазорати хориҷаи Эрон бар равшан шудани иқдоми террористӣ дар Мазори шариф
(last modified Tue, 08 Aug 2023 07:44:28 GMT )
Август 08, 2023 12:44 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Вазорати хориҷаи Эрон бар равшан шудани иқдоми террористӣ дар Мазори шариф

Вазорати умури хориҷаи Эрон бар равшан шудани ҳодисаи террористии талху фаромӯшнашудании Мазори шариф ба унвони мутолибаи қатъӣ таъкид кард.

25 соли пеш дар чунин рӯзе (августи 1998 ) ниманизомиёни Толибон ҳашт нафар аз дипломатҳои консулгарии Эронро ба ҳамроҳи Маҳмуди Соримӣ-хабарнигори хабаргузории Ҷумҳурии исломӣ (ИРНА) дар шаҳри Мазори шарифи Афғонистон ба шаҳодат расонданд.
Ба ҳамин муносибат ин рӯз дар тақвими Ҷумҳурии исломии Эрон ба номи рӯзи Хабарнигор музайян шудааст.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Вазорати умӯри хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон рӯзи сешанбе бо судӯри баёнияе зимни маҳкӯм кардани воқеаи талху фаромӯшнашудании Мазори шриф эълом кард : Ҳафдаҳуми мурдодмоҳ ёдовари хотираи бисёр талхи шаҳодати дипломатҳову хабарнигори Эрон дар Афғонистон аст.
Дар ин баёния омадааст : 25 сол пеш дар авҷи набардҳои дохилии Афғонистон дар паи вуруди неруҳои Толибон ба шаҳри Мазори шариф бархилофи таъаҳҳудоти ахлоқӣ, инсонӣ ва байналмилалӣ, сарконсулгарии Ҷумҳурии исломии Эрон мавриди ҳамла воқеъ шуда ва дипломатҳову хабарнигори Ҷумҳурии исломии Эрон ба шаҳодат расиданд .
Дар баёния Вазорати умӯри хориҷаи Эрон омадааст : Маҳкӯмияти густардаи ҷинояти ҳамла ба сарконсулгарии Ҷумҳурии исломии Эрон шаҳодати дипломатҳову хабарнигори Эрон аз сӯи ҷомеъаи байналмилалӣ ва низ ҳамдилӣ ва ҳамдардии хотираангези мардуми наҷиби Афғонистон ҷилваҳои дурахшоне аз ягонагии мардумони ду кишварро рақам зад ва муҷиб шуд Ҷумҳурии исломии Эрон хештандорона ва  бузургманишона бар асоси масолеҳи олияи ду миллат дар канори хоҳарону бародарони афғонистонии худ биистад ва аз хосту иродаи онон ҳимоят кунад.
Баёнияи Вазорати умури хориҷаи Эрон меафзояд : Инак бо гузашти солҳо ҷанг ва бесуботӣ дар Афғонистон, Ҷумҳурии исломии Эрон бар ин бовар аст, ки ташкили давлати муташаккил аз ҳамаи қишрҳо, гуруҳҳо ва ақвоми Афғонистон метавонад роҳгушои масири Афғонистони ранҷдида ба самти тавсеа, пешрафт ва ободонӣ ва тақвияти тавони мардум дар баробари ранҷҳо ва мушкилот бошад.