Сафарӣ : Эрон зарфияти хубе барои равобит бо БРИКС дорад
Муовини дипломосии иқтисодии Вазорати умӯри хориҷаи Эрон зарфиятҳои Ҷумҳурии исломии Эронро бо вуҷуди таҳримҳои якҷонибаи золимона барои равобит бо БРИКС муносиб донист.
Конфаронси Эрону БРИКС ба манзури шиносои зарфиятҳои мутақобил имрӯз ( сешанбе ) дар Маркази мутолиъоти сиёсӣ ва байналмилалии Вазорати умӯри хориҷаи Эрон бо ҳузури мақомоти вазорати умӯри хориҷа ва ҷамъе аз сафирони хориҷии муқим дар Теҳрон баргузор шуд .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Маҳдии Сафарӣ-муовини дипломосии иқтисодии Вазорати умӯри хориҷаи Эрон дар бораи равобити Эрон ва БРИКС гуфт : Гуруҳи БРИКС ҷузъи шарикони ҳадафманди Эрон аст ва тавомандиҳои ҷамъшудаи миёни аъзои БРИКС боис шуда, ки кишварҳои ин гуруҳ дар ҷомеъаи ҷаҳонӣ ҷойгоҳи болоӣе дошта бошанд.
Сафарӣ афзуд : БРИКС дар ҳамкорӣ бо кишварҳои дигар метавонад нақши худашро тақвият кунад ва Эрон дар мавриди ҳар гуна тасмимгирӣ дар БРИКС ҳеҷ қазовате намекунад .
Муовини дипломосии иқтисодии Вазорати умури хориҷаи Эрон бо таъкид бар инки бо вуҷуди таҳримҳои якҷонибаи золимона Эрон зарфияти хубе барои равобит бо БРИКС дорад, тасреҳ кард : Эрон ҷузъи кишварҳои таъсиргузор ва пешрав аст ва ҳамакнун аз узвияти ахири худаш барои тақвияти ҳамкориҳо истифода мекунад ва бо кишварҳои узв дар ҳоли ҳамкорӣ аст.
БРИКС ( BRICS )-номи гуруҳе ба раҳбарии қудратҳои навзуҳӯри иқтисодӣ аст, ки аз ба ҳам пайвастани ҳурӯфи аввали номи англисии кишварҳои Бразилия, Русия,Ҳинд, Чин ва Африқои ҷанубӣ ташкил шудааст.
Ҷумҳурии исломии Эрон, Арабистон, Аргентина,Амороти муттаҳидаи арабӣ, Алҷазоир, Миср, Баҳрайн ва Индонезия тамоюли худро барои пайвастан ба БРИКС иброз кардаанд.