Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон : Душманони Эрон нобуд шуданд
(last modified Fri, 18 Aug 2023 14:27:38 GMT )
Август 18, 2023 19:27 Asia/Dushanbe
  • Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон : Душманони Эрон нобуд шуданд

Имоми ҷумъаи муваққати Теҳрон гуфт : Душманон, ки дар иғтишошоти пойизи соли гузашта ( 1401 шамсӣ ) ба дунболи барандозии низоми муқаддаси Ҷумҳурии исломии Эрон буданд, нобуд шуданд.

Ба гузориши ИРНА,оятуллоҳ Сайиди Аҳмади Хотамӣмоми ҷумъаи муваққати Теҳрон дар хутбаҳои намози ҷумъаи ин ҳафтаи Теҳрон гуфт : Душманони Эрони исломӣ ҳар коре дар ин солҳо тавонистанд анҷом доданд ва дар иғтишошоти ахир ҳам гуфтанд, ки омадем ки барандозӣ кунем,вале худашон барандозӣ ва нобуд шуданд.
Хатиби муваққати намози ҷумъаи Теҳрон дар идома бо ишора ба дидори дирузи ( панҷшанбе ) аъзои Маҷмаъи олии фармондеҳони Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ бо Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ бо баёни бархе аз меҳварҳои дидори дируз аз ҷумла талоши душманон барои махдӯш кардани чеҳраи Сипоҳ, хотирнишон кард : Бинобар фармоишоти Раҳбари муаззами инқилоб Сипоҳ бузургтарин созмони зиддитеррористӣ дар ҳамаи дунё аст.
Хатиби муваққати намози ҷумъаи Теҳрон бо ишора ба ҷинояти террористии Шоҳчароғ ва инки ДИИШ сохтаву пардохтаи Амрико аст, афзуд : Тардиде нест ки ба суръат ба ҷинояти терруристҳо расидагӣ ва интиқоми хунҳои поки шаҳидон гирифта хоҳад шуд .
Оятуллоҳ Хотамӣ дар хусӯси интихоботи пеши рӯйи Маҷлиси шӯрои исломии Эрон низ гуфт : Ҳузури наздик ба 49 ҳазор нафар дар пешсабтноми интихобот баёнгари ангезаву нишоти мардум дар ин арса аст.