Музокира барои роҳандозии хатти оҳани Эрон-Тоҷикистон-Туркманистон-Қазоқистон
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i10642-Музокира_барои_роҳандозии_хатти_оҳани_Эрон_Тоҷикистон_Туркманистон_Қазоқистон
Муовини мусофирии Ширкати роҳи оҳани ҷумҳурии исломии Эрон аз музокира барои барқарории иртиботи рейлӣ байни Эрон, Қазоқистон, Туркманистон ва Тоҷикистон ҳамсу бо дастовардҳои сафари раисҷумҳур ба кишварҳои Осиёи Марказӣ хабар дод.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Декабр 27, 2016 20:02 Asia/Dushanbe
  • Музокира барои роҳандозии хатти оҳани Эрон-Тоҷикистон-Туркманистон-Қазоқистон

Муовини мусофирии Ширкати роҳи оҳани ҷумҳурии исломии Эрон аз музокира барои барқарории иртиботи рейлӣ байни Эрон, Қазоқистон, Туркманистон ва Тоҷикистон ҳамсу бо дастовардҳои сафари раисҷумҳур ба кишварҳои Осиёи Марказӣ хабар дод.

Яке аз барномаҳои ҷумҳурии исломии Эрон густариши иртиботи рейлӣ бо кишварҳои минтақа бавижа Осиёи Марказӣ ва Қафқоз аст, то ба ин васила интиқоли коло байни Осиё ва Аврупо сурат гирад .

Ба гузориши имрӯзи пойгоҳи хабарии Вазорати роҳу шаҳрсозии Эрон, Мирҳасани Мусавӣ, муовини мусофирии Ширкати роҳи оҳани ҷумҳурии исломии Эрон эълом кард: Музокираи мудирони рейлии Эрон, Қазоқистон, Туркманистон ва Тоҷикистон дар бахши байналмилал дар дастури кор қарор гирифтааст ва ҷаласаи баъдии масъулони роҳи оҳанҳои ин кишварҳо то 6 моҳи дигар баргузор мешавад .