Август 20, 2023 10:25 Asia/Dushanbe
  • Генерал Саломӣ: Амрико беш аз ҳар замони дигар ру ба завол аст
    Генерал Саломӣ: Амрико беш аз ҳар замони дигар ру ба завол аст

Фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ бо баёни ин ки душман дар ҳар нуқтаи ҳаракат мекунад ба ҷисми сахти инқилоби исломӣ бархурд мекунад таъкид кард Амрико беш аз ҳар замони дигар ру ба завол аст.

Ба гузориши ИРНА генерал Ҳусейни Саломӣ фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ бо ишора ба шароратҳои истикбори ҷаҳонӣ ба саркардагии Амрико дар саросари ҷаҳон гуфт: Имруз Амрико беш аз ҳар замони дигар ру ба завол аст ва душмани имруз дар авҷи заъф қарор дорад.

Фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ таъкид кард: Режими ишғолгари саҳюнисти ҳам нисбат ба соли 1967 заифтар ва Ҳизбуллоҳи Лубнон аз он замон қавитар ва таҷҳизоти беҳтар ва ба рузтар шуда аст.

Генерал Саломӣ таъкид кард: Имруз инқилоби исломӣ ва меҳвари муқовимат дар муқобили Амрико, режими ишғолгари ғосиби саҳюнист ва ҳампаймононаш дар минтақа дасти бартарро дар ихтиёр доранд ва ин амри муҳим бо тадбир ва дирояти Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ва муҷоҳидат ва истиқомати уммати исломӣ ҳосил шуда аст.

Барчасп