Август 21, 2023 13:41 Asia/Dushanbe
  • Тими миллии кушти фарҳангии ҷавонони Эрон қаҳрамонӣ ҷаҳон шуд
    Тими миллии кушти фарҳангии ҷавонони Эрон қаҳрамонӣ ҷаҳон шуд

Тими миллии кушти фарҳангии ҷавонони Эрон бо касби се медали талло, ду медали нуқра ва як медали биринҷи ба унвони қаҳрамонӣ ҷаҳон даст ёфт.

Ба гузориши Садои Хуросон, дар поёни мусобиқоти кушти фарҳангии ҷавонони қаҳрамони ҷаҳон дар Урдан, тими Эрон тавассути "Аҳмадризо Муҳсеннажод" дар вазни 63 килаграм, "Алиризо Абдувалӣ" дар вазни 77 килаграм ва " "Фардин Ҳидоятӣ" дар вазни 130 килаграм ба медали талло, "Ёсин Яздӣ" дар вазни 82 килаграм ва "Абулфазли Чӯбонӣ" дар вазни 87 килаграм ба медали нуқра ва "Амирризо Деҳбузургӣ" дар вазни 60 килаграм ба медали биринҷӣ даст ёфт.

Дар радабандии тимӣ низ Эрон бо 162 имтиёз қаҳрамон шуд ва тимҳои Гурҷистон бо 89 ва Арманистон бо 88 имтиёз дар ҷойгоҳҳои дуввум ва саввум истоданд.

Қаҳрамони тими миллии кушти фарҳангии Эрон, рекорди таърихӣ барои кушти кишвар сабт шуд ва чаҳор тими куштии озоди навҷавонон, кушти фарҳангии навҷавонон,куштии озоди ҷавонон ва куштии фарҳангии ҷавонон дар рақобатҳои ҷаҳонӣ ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфтанд.

Ҳамчунини ин тимҳо дар рақобатҳои қаҳрамонии Осиё низ  унвони қаҳрамониро аз они худ карданд ва куштии кишвар дар муддати замони ду моҳ шоҳиди 8 қаҳрамонӣ дар раддаҳои синии навҷавонон ва ҷавонон буд.