Ифтитоҳи 30-умин намоишгоҳи байналмилалии фарши дастбоф дар Теҳрон
(last modified Wed, 23 Aug 2023 15:38:19 GMT )
Август 23, 2023 20:38 Asia/Dushanbe
  • Ифтитоҳи 30-умин намоишгоҳи байналмилалии фарши дастбоф дар Теҳрон
    Ифтитоҳи 30-умин намоишгоҳи байналмилалии фарши дастбоф дар Теҳрон

30-умин намоишгоҳи байналмилалии фарши дастбофи Эрон бо ҳузури муовини саноати умумии Вазорати санъат, маъдан ва тиҷорат, раиси маркази миллии фарши Эрон ва раиси созмони рушди тиҷорати Эрон оғоз ба кор кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон дар 30-умин намоишгоҳи байналмилалии фарши дастбофи Эрон садҳо коргар ва воҳиди тавлид ва ҳазорон бофанда ва қолибоф тавлидоти худро аз анвоъи фарш ва қоли рустоӣ, ашоир, нафис ва абрешам то анвоъи гилем ва тоблуи фарш ва бофти зиндаи фарш ироа карданд.

Дар 30-умин намоишгоҳи байналмилалии фарши дастбофи Эрон ки бо меҳварияти рушди содирот ва ёфтани бозорҳои ҷадиди содироти дар кишварҳои мухталифи ҷаҳон ба вижа Амрико ва кишварҳои аврупоӣ барпо шуда аст.

Беш аз 450 ширкати тавлиди ва содироти ҳунар-санъати фарши дастбофи кишвар ҳузур ва мушорикат доранд ва ганҷинаи аз қолинҳои дастбоф муҳимтарин колои фохири эронӣ ва осори камназири бофандагон ва ҳунармандони эрониро ба намоиш гузоштанд.

Баргузории даҳҳо нишасти тахасуси, коргоҳҳои омузиши, бофти зиндаи фарш ва қолин, барпоӣ истгоҳҳои нақошӣ бо мавзуъи бофти фарш барои кудакон ва иҷрои гуруҳҳои мусиқии маҳаллӣ аз ҷумлаи барномаҳои ҷонибии ин намоишгоҳ аст.

30-умин намоишгоҳи фарши дастбофти Эрон то сешанбе 29 август дар маҳали доими намоишгоҳҳои байналмилалии Теҳрон омодаи боздиди алоқамандон аст.