Август 28, 2023 17:53 Asia/Dushanbe
  • Қаҳрамонии Эрон дар рақобатҳои парвариши андоми Осиё
    Қаҳрамонии Эрон дар рақобатҳои парвариши андоми Осиё

Корвони парвариши андоми Эрон ба унвони қаҳрамони рақобатҳои қаҳрамонии Осиё 2023 дар Лубнон даст пайдо кард.

Ба гузориши Садо ва Симо тими миллии Эрон бо дурахшиш дар панҷовушашумин даври мусобиқоти парвариши андоми қаҳрамонии Осиё дар Лубнон бори дигар қораи куҳанро фатҳ кард то унвони қаҳрамонии ин мусобиқотро аз они худ кунад.

Эрон дар ин мусобиқот тавонист омори дурахшони 27 медали тилло, 14 нуқра ва 6 биринҷро ба сабт бирасонад.

Тимҳои Ироқ ва Лубнон ҳам дар рутбаҳои дувум ва севум қарор гирифтанд.

Барчасп