Август 31, 2023 18:15 Asia/Dushanbe
  • Тафсир - Тақдири Раҳбари муаззами инқилоб аз сиёсати хориҷии давлати сездаҳум

Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ рӯзи чаҳоршанбе дар дидори раисиҷумҳур ва аъзои ҳайати давлат, аз амалкарди хубу қавии давлат дар бархе бахшҳо, аз ҷумла «корҳои зербиноӣ», «рушди шохисҳои калони иқтисодӣ» ва «сиёсати хориҷӣ» тақдир карданд.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ фаъолиятҳои давлат дар бахши сиёсати хориҷӣ, аз ҷумла сиёсати иртибот бо ҳамсоягонро бисёр хуб хонданд ва гуфтанд, бояд бо ҳеҷ ҳамсояе муноқишае надошта бошем ва агар муноқишае ҳам ҳаст, табдил ба ҳамкорӣ шавад, ки гомҳое дар ин замина бардошта шуда, ки бояд идома ёбад.

Ин дидор дар солрӯзи шаҳодати шаҳидон Раҷоӣ ва Боҳунар ва ба муносибати ҳафтаи давлат анҷом шуд.

Давлати сездаҳуми Эрон ба раёсати Саидиброҳими Раисӣ аз ҳамон ибтидои оғоз ба кор дар августи 2021 , тақвияти таомул бо ҳамсоягон, таъкид бар дипломасии иқтисодӣ, тамаркуз бар чандҷонибагароӣ ва узвият дар паймонҳои минтақаӣ ва фароминтақаиро асоси гуфтумони сиёсати хориҷии худ қарор дод ва ҳамон гуна, ки раҳбари муаззами инқилоб ба он ишора карданд, нигоҳе ба дастовардҳои он тайи ду соли гузашта, ҳикоят аз муваффақият дар бахшҳое ҳамчун сиёсати хориҷӣ дорад.

Дар 24 моҳи гузашта, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон 19 сафар хориҷӣ доштааст ва 163 санади ҳамкории байналмилалӣ аз сӯи давлати Эрон имзо шудааст. Аз ҷумлаи меҳварҳои сиёсати хориҷии давлати сездаҳуми Эрон, беҳбӯди равобити сиёсӣ ва иқтисодӣ бо кишварҳои ҳамсоя ва густариши муносибот бо кишварҳо ҳамсӯ аст ва раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон низ ҳамвора бар он таъкид кардааст. Намӯнаи боризи таҳаққуқи ин сиёсат, беҳбӯди равобити Эрону Арабистон пас аз ҳудӯди 7 соли қатъи равобити дипломатӣ аст, ки фурсате таърихӣ барои тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷорӣ ва ҳамчунин таҳкими ҳамгароии минтақаӣ ба вуҷӯд овардааст.

Ин дар ҳоле аст, ки бархе дигар аз кишварҳои арабии минтақа низ ки ихтилофоте бо Эрон доштанд аз тамоюли худ барои тақвияти равобит бо Ҷумҳурии Исломии Эрон хабар додаанд, ба унвони мисол, акнӯн талошҳое барои одисозии муносиботи Эрон бо Миср ва Баҳрайн аз каналҳои мухталиф дар ҷараён аст ва Судон низ хоҳони аз саргирии муносиботи дипломатӣ бо Эрон шудааст.

Дар ин ҳол, тавсеаи равобит бо ҳамсоягон тайи ду соли ахир, дар густариши мубодилоти тиҷорӣ низ муассир будааст, ба тавре, ки саҳми ҳамсоягон аз кулли тиҷорати Эрон ба 50 дарсад расид ва ин мавзӯ дар рушди иқтисодии кишвар ва афзоиши содирот таъсири басазое доштааст, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон низ аз рушди 14 дарсадии иртибототи тиҷорӣ бо ҳамсоягон хабар додааст.

Яке дигар аз аҳдофи давлати сездаҳум барномарезӣ барои узвияту ҳузур дар созмони минтақаӣ ва байналмилалӣ аст, узвият дар паймонҳои минтақаӣ ва фароминтақаӣ бо ҳадафи иттисоли кишвар ба зерсохтҳои иқтисодии қудратҳои навзуҳур илова бар манофеи иқтисодӣ ва сиёсӣ, иқдоме дар ҷиҳати беасари таҳримҳо ва ҳамчунин мухолифат бо якҷонибагароӣ маҳсӯб мешавад, дар ҳамин росто, давлати сездаҳуми Эрон баъд аз узвияти расмӣ дар Созмони Ҳамкории Шанхай ва густариши равобит бо Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё, ахиран муваффақ ба узвият дар гуруҳ БРИКС шуд, ки интизор меравад ба афзоиши тиҷорат ва ҳамчунин афзоиши ҷойгоҳи байналмилалии Эрон бианҷомад.

Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ низ дар дидор бо раисиҷумҳур ва аъзои ҳайати давлат, иртибот бо ҳамаи давлатҳое, ки моил ба иртибот бо Эрон ҳастанд (ба ҷуз истиснооте маъдуд)-ро аз дигар сиёсатҳои дурусти давлати сездаҳум баршумурданд ва гуфтанд, узвият дар ду паймони байналмилалӣ низ кори бисёр муҳимме буд, ки нишон медиҳад кишвар дар вазъе қарор дорад, ки муассисони паймонҳои байналмилалии роғиб ва гоҳе Миср ба иртибот бо Эрон ҳастанд ва бар асоси муҳосиботи худ ва бо таваҷҷуҳ ба воқеиёти Эрон, иртибот бо кишварамонро лозим медонанд.