Сентябр 08, 2023 18:49 Asia/Dushanbe
  • Бурди тими миллии футболи Эрон дар муқобили Булғористон

Тими миллии футболи Эрон дар як бозии тадорукотӣ баробари Булғористон ба пирӯзӣ расид.

Тими миллии футболи Эрон дирӯз дар варзишгоҳи шаҳри Пловдиви Булғористон, дар як дидори тадорукотӣ ба масофи тими миллии Булғористон рафт.

Шогирдони Амири Қалъанавӣ дар ин мусобиқа бо натиҷаи як бар сифр ба пирӯзӣ расиданд.

Лазар Лукич бо кумакҳои Драгон Богичович ва Буён Бобоевич аз Сербия қазовати ин дидорро бар ӯҳда доштанд.

 

Барчасп