Салоҷақа: Сиёсат наметавонад кишварҳоро дар масоъили муҳити зистӣ аз ҳамдигар ҷудо кунад
(last modified Mon, 11 Sep 2023 08:22:01 GMT )
Сентябр 11, 2023 13:22 Asia/Dushanbe
  • Салоҷақа: Сиёсат наметавонад кишварҳоро дар масоъили муҳити зистӣ аз ҳамдигар ҷудо кунад
    Салоҷақа: Сиёсат наметавонад кишварҳоро дар масоъили муҳити зистӣ аз ҳамдигар ҷудо кунад

Раиси Созмони муҳофизати муҳити зисти Эрон, таъкид кард: Сиёсат наметавонад кишварҳоро дар масоъили муҳити зистӣ аз ҳамдигар ҷудо кунад.

Иҷлоси байналмиллалии муқобила бо туфонҳои моса ва гарду ғубор бо ҳузури намояндагони 50 ширкат ва 15 ниҳодҳои байналмиллалӣ,  9 ва 10  сентябри 2023 дар Теҳрон баргузор шуд.

Маросими ихтитомияи Иҷлоси байналмиллалии муқобила бо тӯфонҳои  гарду ғубор рӯзи якшанбе дар Теҳрон, баргузор шуд.

Ба гузориши Садои Хуросн, Алӣ Салоҷақа раиси Созмони ҳифозати муҳити зисти Эрон, дар маросими ихтитоимияи  Иҷлоси байналмиллалии муқобила бо тӯфонҳои гарду ғубор гуфт: Сиёсат наметавонад  кишварҳоро дар масоили муҳити зист аз ҳамдигар ҷудо кунад, муҳити зист метавонад кишварҳоро дар як иҷтимоъ қарор диҳад.

Вай афзӯд: Умедворем дар як бозаи замонии мушахас Созмони Миллали Муттаҳид барои эҷоди канвонсиюни гарду ғубор талош кунанд.

Ҳамоҳангкунандаи муқими Созмони Миллали Муттаҳид дар Эрон низ дар ин маросим гуфт: Гаду ғубор як масъалаи фаромарзӣ аст, ки ба мушорикати ҷамъии ҳамаи кишварҳо ниёз дорад.