Баргузории аввалин ҷаласаи додгоҳи омилони ҳамлаи ахир ба ҳарами Шоҳчароғ (а)
(last modified Wed, 13 Sep 2023 03:25:02 GMT )
Сентябр 13, 2023 08:25 Asia/Dushanbe
  • Баргузории аввалин ҷаласаи додгоҳи омилони ҳамлаи ахир ба ҳарами Шоҳчароғ (а)

Дуюмин ҷаласаи муҳокимаи муттаҳамони ҳамлаи ахир ба ҳарами мутаҳҳари Шоҳчароғ (а) дар шуъбаи аввали додгоҳи Инқилоби исломии Шерози устони Форс (ҷануби Эрон) баргузор шуд.

Дувумин ҳамлаи террористӣ ба ҳарами мутаҳҳари ҳазрати Аҳмад бин Мӯсои Шоҳчароғ (а) , 13 августи 2023 анҷом шуд, ки омили аслии ин ҳамла дар муҳавватаи ҳарами мутаҳҳар боздошт ва дар идомаи пуштибон ва ҳамдастони вай низ боздошт шуданд.

Аввалин ҷаласаи муҳокимаи 3 тан аз омилони ҳамлаи террористӣ ба ҳарами мутаҳҳари Шоҳчароғ (а), рӯзи якшанбе бо ҳузури муттаҳамону вукалои мудофеаи онон, соҳибони хуни ду шаҳиди ҳодиса ва ҷамае аз ҷонбозону шоҳидони ҳамлаи террористӣ дар шуъбаи аввали додгоҳи Инқилоби исломии Шероз ба раёсати Қозӣ Саидмаҳмуди Содотӣ баргузор шуд.

Дар ҳамин росто ва ба гузориши хабаргузории Садо ва симо, дар ҷаласаи дувуми муҳокимаи омилони ҷинояти террористии Шоҳчароғ, ки рӯзи сешанбе бо ҳузури ҳар се муттаҳами парванда, вукалои мудофеаи муттаҳамону теъдоде аз шокиҳо баргузор шуд, намояндаи додситони умумӣ ва инқилоби Шероз бо дифои муҷаддад аз кайфархосту ишора ба равобити созмонёфта муттаҳамин дар пуштибонӣ ва искони муттаҳами аслии парванда аз додгоҳ тақозои ашади муҷозот барои муттаҳамон кард.

Дар идомаи ин ҷаласа бо дастури қозӣ Содотӣ, раиси шуъбаи аввали додгоҳи Инқилоби исломии Шероз муттаҳами радифи аввали парванда бо ҳузур дар ҷойгоҳ ба посух ба суолоти ҳайати додгоҳ дар хусӯси таъминкунандагони молии худ пардохт.