Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон: Душман дар пайи тахриби ваҳдати миллӣ ва тазъифи амнияти кишвар аст
(last modified 2023-09-15T12:27:50+00:00 )
Сентябр 15, 2023 17:27 Asia/Dushanbe
  • Хатиби намози ҷумъа гуфт, тавтеаҳои душманро хунсо мекунем
    Хатиби намози ҷумъа гуфт, тавтеаҳои душманро хунсо мекунем

Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон таъкид кард, душман дар пайи тахриби ваҳдати миллӣ ва тазъифи амнияти кишвар аст.

Оятуллоҳ Сайид Аҳмади Хотамӣ, хатиби намози ҷумъаи Теҳрон бо ишора ба баёноти Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар дидори ахир бо мардуми Систону Балучистон ва Хуросони Ҷанубӣ гуфт: Аз нукоти муҳиму шохиси баёноти Раҳбари инқилоб, таъкиди эшон бар талоши душман барои тахриби ваҳдати миллӣ ва тазъифи амнияти кишвар аст.

Ба гузориши Садои Хуросон, хатиби намози ҷумъаи Теҳрон афзуд, дар муқобили онҳо муҳкам истодаем ва тавтеаҳои ононро хунсо мекунем.

Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон ҳамчунин бо қадрдонӣ аз баргузоркунандагони роҳпаймоии Арбаин, ин пиёдаравиро намоди ҳамдилии ду миллати Эрону Ироқ ва размоиши мусовот ва ҳамдилӣ донистугуфт: Ин размоиш беназир буд ва беш аз 22 миллион нафар дар ин роҳпаймоӣ ҳузур доштанд, ки беш аз 4 миллион нафар аз Эрон дар ин ҳамосаи азими ҳусайнӣ (а) ширкат карданд.