Дар замони вуруд ба Ню-Йорк раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон: Созмони Милал бояд садои миллатҳо бошад на қудратҳо
(last modified 2023-09-18T13:57:30+00:00 )
Сентябр 18, 2023 18:57 Asia/Dushanbe
  • Дар замони вуруд ба Ню-Йорк раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон: Созмони Милал бояд садои миллатҳо бошад на қудратҳо
    Дар замони вуруд ба Ню-Йорк раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон: Созмони Милал бояд садои миллатҳо бошад на қудратҳо

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон бо таъкид бар ин ки Созмони Милали Муттаҳид бояд садои миллатҳо бошад на садои қудратмандон гуфт: Интизори миллатҳо аз Созмони Милал он аст, ки созмони милал бошад чун агар созмони давлатҳо шуд садои миллатҳо шунида намешавад.

Ба гузориши ИРНА, Сайид Иброҳими Раисӣ раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон асри душанбе дар замони вуруд ба Ню-Йрок барои ҳузур дар ҳафтодуҳаштумин маҷмаъи умумии Созмони Милал афзуд: Созмони Милали Муттаҳид ва маҷмаи умумии ин созмон зарфияти аст, ки метавон сухани миллати Эрон баён ва сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон табйин шавад.

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт: Садои миллати Эрон имруз расотар аз ҳамеша аст чаро, ки соли гузашта миллати Эрон пирузии бузургеро муқобили ҷанги шинохти ва ҷанги таркибии душман пушти сар гузошт.

Раисӣ таъкид кард: Тасавури душман ин буд, ки бо таконҳо дарахти тановари инқилоби исломӣ дучори мушкил мешавад ғофил аз ин ки ин муҳосиба ҳам чун гузашта иштибоҳ аст ва миллати Эрон ин муборизаро пирузмандона пушти сар гузошт.

Барчасп