Раисӣ: Пружаи амрикоӣ кардани ҷаҳон шикаст хӯрдааст
(last modified Wed, 20 Sep 2023 05:36:18 GMT )
Сентябр 20, 2023 10:36 Asia/Dushanbe
  • Раисӣ: Пружаи амрикоӣ кардани ҷаҳон шикаст хӯрдааст

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Маҷмаи умумии Созмони милал таъкид кард, ҷаҳон дар ҳоли гузори бозгаштнопазир ба назми навзуҳӯр аст ва пружаи амрикоӣ кардани ҷаҳон шикаст хӯрдааст.

Саидиброҳими Раисӣ сешанбешаб дар ҳафтоду ҳаштумин нишасти Маҷмаи умумии Созмони милал бо таъкид бар инки либерал демократия, ки мехост улгӯи ҷаҳон бошад ба дарси ибрат табдил ва ба поёни роҳи худ наздик шудааст, мутазаккир шуд, ҷаҳон дар ҳоли тағйиру гузор ба назми байналмилалии навзуҳӯр ва ин масир ғайриқобили бозгаштаст. Муъодилаи султаи ғарбӣ барои ҷаҳон дигар ҷавобгӯ нест ва назми куҳнаи либерал, ки дар хизмати манофеи султагарону сармоядорони серинопазир буд, канор зада шудааст.

Раисиҷумҳури Эрон таъкид кард, пружаи амрикоӣ кардани ҷаҳон шикаст хӯрдаасту миллати Эрон ифтихор дорад, ки ба мадади Инқилоби исломиии худ, бештарини нақшу равшангариро дар бардоштани ниқоб аз сӯрати султагарони шарқу ғарб доштааст.

Набояд шарқу ғарби ҷадиде эҷод шавад

Раисӣ бо баёни инки Эрон муътақид аст, набояд шарқу ғарби ҷадиде эҷод шавад, афзуд, Эрон фасли навине аз равобити сӯдманд бо кишварҳои ҳамсояро рақам зада ва сиёсати ҳамсоягии Ҷумҳурии исломӣ сиёсате хайрхоҳона барои минтақа аст. Мо амнияти ҳамсоягонро амнияти худ медонем ва ҳар дастеро, ки барои дӯстӣ дароз шавад ба гармӣ мефишорем.

Вай идома дод, амнияти имрӯзи бархе аз кишварҳои ҳамсоя дар минтақа мадюни рашодатҳои сардори шаҳиду рашиди ислом Ҳоҷ Қосими Сулаймонӣ аст, ки агар рашодати ин қаҳрамони мубориза бо терроризм набуд, бисёре аз манотиқ дар оташи ДИИШ месӯхт, аммо оё аз ин рашодату шаҳомату истодагӣ дар муқобили терроризм, шумо дар расонаҳо ва филмҳои ҳолливудӣ тасовиреро мушоҳида кардаед?!

Террори шаҳид Ҳоҷ Қосими Сулаймонӣ ҷоиза ба ДИИШ буд

Раисҷумҳури Эрон афзуд, террори шаҳид Ҳоҷ Қосими Сулаймонӣ ҷоиза ба ДИИШ буд, ки ба изъони мақомоти Амрико сохтаи дасти худашон буд ва ҳатто ташйиъи ҷанозаи 25 миллионии фармондеҳи мубориза бо терроризму андӯҳу хашму ҳиси интиқоми 85 миллионии миллати Эрон аз бониён ва омилони ин амали ҷиноятбор сенсур шуд.

Раисӣ дар бахши дигаре аз суханонаш хурӯҷи Амрико аз Барҷом-ро нақзи мусаллами асли вафо ба аҳд унвон кард ва гуфт, давлати Амрико бо нақси сареҳи мафоди қатъномаи 2231 Шӯрои амният аз амал ба тааҳҳудоти худ зайли БАРҶОМ иҷтиноб мекунад, бо ин рафтор Амрико амалан ва бар хилофи иддаоҳояш қонӯнгурезӣ ва зӯргӯиро ба ҷои ҳамкорӣ таҷвиз кардааст.

Ҳушдор ба Амрико ва Аврупо

Вай бо баёни инки Амрико бояд бо эътимодсозӣ исбот кунад, ки дорои ҳусн ният аст ва иродаи воқеӣ барои амал ба тааҳҳудоти худу ниҳоӣ кардани масир дорад, ба аврупоиҳо ҳам ҳушдор дод ва мутазаккир шуд, аврупоиҳои низ ки дар пайи солҳо адами пайбандӣ ба тааҳҳудоти худ, аз ҷумла дар лағви таҳримҳо акнӯн Барҷом ва қатъномаи 2231 Шӯрои амнияти Созмони милалро нақз мекунанд, бояд дарк кунанд бо суръат гирифтан дар масири пурҳазинаи тақобул бозанда хоҳанд шуд.

Раисиҷумҳури Эрон дар идома бо таъкид бар инки силоҳи ҳастаӣ ҳеҷ ҷойгоҳе дар доктаринаи дифои Ҷумҳурии Исломии Эрон надораду гузоришҳои мароҷеи зирабти байналмилалӣ ва ҳатто ҷавомеъи иттилоотии ғарбӣ низ борҳои сиҳҳати ин мавзӯро исбот карда, мутазаккир шуд: Ҷумҳурии Исломии Эрон аз ҳаққи миллати худ барои баҳрабардорӣ аз фанноварии ҳастаӣ кӯтоҳ нахоҳад омаду вақти он расидааст, ки Амрико ба буҳрони тасмимгирии худ поён дода ва масири саҳиҳро интихоб кунад.

Интиқод аз вазъияти ҳуқуқи башар дар Ғарб

Раисӣ ҳамчунин аз вазъияти ҳуқуқи башар бавижа ҳуқуқи занон дар Ғарб интиқод кард ва изҳор дошт: Оё Амрико, ки худ бузургтарин зиндони модарон дар ҷаҳонро дорад, метавонад содиқона нигарони ҳуқуқи занон бошад? Воқеиятҳои муҳимме аз Эрон дар ҷаҳон сенсур шуд ва токунӯн чизе дар бораи бомбаборони шимиёии мардуми Эрон гуфта нашуд, ки он силоҳҳоро бархе аврупоиҳо ба Садом дода буданд, аммо дар ин муддат тасвире, ки аз Эрон ба ҷаҳон мухобира шуд, маҳсӯли саркӯби иттилооти муътабару ишоаи иттилооти номуътабар буд.

Вай бо таъкид бар инки нигоҳи мо ба оянда умедворона асту адолат ҷаҳонӣ хоҳад шуд, тасреҳ кард: Ишғолгарӣ ва терроризму ифротгарӣ, аз ҷумлаи муҳимтарин таҳдидҳои ҷиддӣ аст ва решакании террористҳо дар гарави муборизаи фарогир, ҳадафманду решаӣ бо авомили аслии он ва муҷозоти бидуни табъизи террористҳо дар саросари ҷаҳон аст. Танҳо ҳукӯмати мубтанӣ бар апартеиди ҷаҳон наметавонад шарики сулҳ бошад.

Тақбеҳи ҷангафрӯзӣ дар минтақа

Раисӣ бо тақбеҳи ҷангафрӯзӣ дар минтақа гуфт, ки ҳар гуна ҳузури бегона аз Қафқоз то Халиҷи Форс на танҳо бахше аз роҳи ҳал нест, балки худ мушкил аст ва идома дод, ҷанг роҳи ҳали мавзӯ нест ва ҷанг дар Аврупоро ба нафъи ҳеҷ тарафи аврупоӣ намедонем ва муътақидем рад кардани ҳар тарҳи оташбас дар ҷанги Украина аз сӯи Амрико нишон медиҳад, ин кишвар барои тазъифи Аврупо барномаи баландмуддат дорад.

Раисӣ бар ҳамин асос таъкид кард, Ҷумҳурии исломӣ аз ҳар ибтикоре барои поёни ҷангу оғози раванди сиёсӣ ҳимоят мекунаду омодагии худро барои нақшофаринии созанда эълом медорад.

Дифо аз соҳати Қуръон

Раисиҷумҳури Эрон бо дар даст гирифтани як ҷилди Қуръон ва такрими соҳати Қуръон дар саҳни Созмони милал аз исломситезӣ ва апартеиди фарҳангӣ ба унвони иқдоме муғойири шаъни башарият ёд кард ва мутазаккир шуд, пушти пардаи ин нафратпароканиҳо тарроҳии бузургтаре вуҷӯд дорад, аммо таъолими қуръонӣ барои ҷавомеъи башарӣ ҳаргиз намесӯзад ва оташи тавҳину таҳриф ҳарифи ҳақиқат нахоҳад шуд.