Раисӣ: Тарбияти ояндасозони кишвар дар гарави дастони тавонои мудирон ва муаллимон аст
(last modified Sat, 23 Sep 2023 11:56:37 GMT )
Сентябр 23, 2023 16:56 Asia/Dushanbe
  • Раисӣ: Тарбияти ояндасозони кишвар дар гарави дастони тавонои мудирон ва муаллимон аст

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон бо табрики оғози соли таҳсилӣ ба донишомӯзон гуфт, тарбияти ояндасозони кишвар, неруи инсонӣ ва ҳувиятсозӣ дар гарави дастони тавонои мудирон ва муаллимон аст.

Занги оғози соли таҳсилии ҷадиди мадориси Эрон имрӯз (шанбе) мусодиф бо нахустин рӯзи аз меҳр (23 сентябр) бо "шиори мадрасаи қавӣ, Эрони қавӣ" ва бо ҳузури раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар яке аз мадориси навсози шаҳристони Баҳористон аз тавобеъи устони Теҳрон навохта шуд. Саидиброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар маросими ифтитоҳи се мадраса дар Баҳористон афзуд, аҳамият ба ҷойгоҳи муаллиму таълиму тарбият бисёр муҳим аст.

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон афзуд, иртибот байни хона ва мадраса низ бисёр бо аҳамият аст, хонаводаҳо бояд иртиботи худро бо мудирону муаллимон ҳифз кунанд, чаро ки ҳувиятсозӣ ва шахсиятсозии фарзандон бо ҳамкории ин ду ниҳод имкон пазир аст.