Вуруди раиси Созмони энержии атомии Эрон ба Вена
Раиси Созмони энержии атомии Эрон барои ширкат дар нишасти Ожонси байналмилалии энержии атомӣ вориди Вена шуд.
Муҳаммади Исломӣ, раиси Созмони энержии атомии Эрон ба манзури ширкат дар 67-умин нишасти солонаи Конфронси умумии Ожонси байналмилалии энержии атомӣ имрӯз (якшанбе) дар садри ҳайате вориди Вена шуд.
Шасту ҳафтумин нишасти солонаи Конфронси умумии Ожонси байналмилалии энержии атомӣ 25 то 29 сентябр 2023 дар Вена баргузор мешавад.
Ба гузориши ИСНА, Исломӣ фардо (душанбе) дар Конфронси умумии Ожонси байналмилалии энержии атомӣ суханронӣ мекунад.
Дидор бо Рафаэл Гросси, мудири кулли Ожонси байналмилалии энержии атомӣ, боздид аз намоишгоҳи тахассусии дастовардҳои санъати ҳастаии Эрон ва дидорҳои дуҷониба бо ҳамтоёни ҳастаии бархе кишварҳо, аз ҷумлаи барномаҳои раиси Созмони энержии атомии Эрон ва ҳайати ҳамроҳ дар ин сафар аст.