Сентябр 27, 2023 09:05 Asia/Dushanbe
  • Қаҳрамонии тими миллии волейболи Эрон дар Бозиҳои осиёии Ханжоу

Тими миллии волейболи Эрон бо шикасти Чин дар дидори ниҳоии бозиҳои асиёӣ, барои сеюмин давраи мутаволӣ ба мақоми қаҳрамонии ин рақобатҳо даст ёфт.

Ба гузориши ИРНА, охирин рӯзи мусобиқоти волейболи мардони бозиҳои Осиё 2022-и  Ҳангжоу имрӯз бо панҷ дидор пайгирӣ шуд, ки тими миллии волейболи Эрон дар финол ба масофи Чин рафту мизбонро се бар як шикаст дод.

Шогирдони Беҳрӯзи Атоӣ дар сети нахусти ин мусобиқа 25 бар 19 мағлӯби Чин шуданд, аммо дар сетҳои дувум то чаҳорум ба тартиб бо имтиёзҳои 25 бар 14 бар 22 ва 26 бар 24 ба пирӯзӣ расиданд то барои сеюмин давраи мутаволӣ ба мақоми қаҳрамонӣ даст ёбанд.

Дар дидори раддабандии ин мусобиқот низ тимҳои Ҷопону Қатар ба масофи якдигари рафтанд, ки ҷопониҳо бо шикасти се бар яки Қатар ба медоли бурунзи мусобиқоти волейболи мардони бозиҳои Осиё даст ёфт.

Тими миллии волейболи Эрон дар ин давра аз бозиҳои Осиё ёздаҳумин ҳузури худро таҷриба кард, ки сеюмин қаҳрамонӣ ва медоли тиллои мутаволиро ба даст овард.

Мардони волейболи Эрон дар 10 давраи қаблӣ, ду медоли тилло (2014 ва 2018) , се унвони ноибқаҳрамонӣ (1958,2002, ва 2010) ва як мақоми сеюмӣ (1966) касб карда буданд.