Оғози амалиёти бонкӣ барои истифода аз манобеи арзии Эрон дар Қатар
(last modified Wed, 27 Sep 2023 14:34:14 GMT )
Сентябр 27, 2023 19:34 Asia/Dushanbe
  • Озодсозии манобеи молии масдудшудаи Эрон дар Кореяи Ҷанубӣ
    Озодсозии манобеи молии масдудшудаи Эрон дар Кореяи Ҷанубӣ

Амалиёти бонкӣ барои истифода аз манобеи арзии мунтақилшуда ба 6 бонки эронӣ дар Қатар оғоз шуд.

Амрико дар чорчӯби рӯйкарди таҳримии худ ва сиёсати фишори ҳаддиаксарӣ зидди Эрон, ба таври ғайриқонунӣ бархе манобеи молӣ ва амволи ҷумҳурии исломиро дар хориҷ аз кишвар масдуд карда буд.

Дар ҳамин ҳол раиси кулли Бонки марказии Эрон 18 сентябр дар гуфтугӯи телевизионӣ бо ишора ба озодсозии манобеи молии масдудшудаи Эрон дар Кореяи Ҷанубӣ гуфт, 5 миллиарду 576 миллиону 492 ҳазор евро ба ҳисоби 6 бонки эронӣ назди ду бонки Алаҳлӣ ва Аддухони Қатар ворез шудааст.

Дар ҳамин росто дар дидори рӯзи чаҳоршанбеи Муҳаммадризо Фарзин, раиси кулли Бонки марказии Эрон ва шайх Бандар бин Муҳаммад оли Сонӣ,  раиси Бонки марказии Қатар, тавофуқҳои лозим дар хусуси шуруи амалиёти бонкӣ ба манзури истифода аз манобеи арзии мунтақилшуда ба 6 бонки эронӣ дар Қатар анҷом шуд.

Дар ин дидор ҳамчунин раисони Бонки марказии Эрону Қатар дар бораи роҳкорҳои тавсеаи равобити моливу бонкии ду кишвар гуфтугӯ ва ройзанӣ карданд.

Дар ин нишаст, ки муовинону мудирони кулли арзии ин ду бонк низ ҳузур доштанд, ду тараф бо ишора ба зарфиятҳои бешумори иқтисодӣ ва заминаҳои мутанаввеи ҳамкориҳои тиҷорӣ байни Эрону Қатар, бар зарурати афзоиши ҳамкориҳои пулӣ, бонкӣ ва молии ду кишвар таъкид карданд.