Декабр 29, 2016 12:19 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши Эрон ба таҳдиди Туркманистон дар қатъи судури газ

Мудиромили Ширкати миллии гази Эрон дар вокуниш ба таҳдиди Туркманистон ба қатъи гази Эрон таъкид кард, дар сурати қатъи газ аз сӯи Туркманистон, Эрон равобити кории худро бо ин кишвар бознигарӣ хоҳад кард.

Ҳамидризо Ироқӣ дар айни ҳол аз музокира бо мақомҳои Туркманистон  барои ҳалли мавзӯъ хабар дод ва ибрози умедворӣ кард, Ашқабод ба иҷрои комили қарордод ва тафоҳумномаҳои ду кишвар пойбанд бошад.

Туркманистон муддаӣ аст, Эрон бояд 2 миллиард доллар фарқияти афзоиши қимати гази воридотӣ аз ин кишвар пардохт кунад, ин дар ҳолест, ки муовини вазири нафти Эрон дар умури газ гуфта, ки Эрон дар се соли гузашта ҳамаи қарзҳои худро ба Туркманистон пардохт кардааст.

Эрон рӯзона ҳудуди 12 миллион метри мукааб аз Туркманистон газ ворид мекунад, ки ҳудуди панҷ миллион метри мукааби он махсуси табодул аст.

Ин дар ҳолест, ки Эрон яке аз бузургтарин дорандагони манобеи газӣ дар ҷаҳон аст ва рӯзона ҳудуди 700 миллион метри мукааб газ тавлид ва масраф мекунад ва гази воридотӣ аз Туркманистон дар муқоиса бо тавлиди ин кишвар бисёр ночиз аст.

Бо ин ҳол аз онҷо, ки умдаи тавлиди гази Эрон дар ҷануб ва бахше ҳам дар манотиқи марказӣ аст, дар фасли замистон ва болорафтани масрафи сӯхт, гази камтаре ба устонҳои шимолии ин кишвар мерасад, аз ин рӯ, Эрон солҳост барои таъмини гази устонҳои шимолии худ дар фасли сармо аз Туркманистон газ ворид мекунад.

Бо ин ҳол, дар хилоли солҳои гузашта Туркманистон борҳо дар фасли замистон ба баҳонаҳои мухталифе ҳамчун афзоиш нарх, гази худро ба рӯи Эрон баста ва мушкилотеро барои ин кишвар бавуҷуд овардааст.

Бо такрори ин мушкил, раиси Комиссияи энержии Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон эълом кард, дар сурати бурузи ҳар гуна мушкилӣ дар воридоти газ аз Туркманистон, Маҷлиси Эрон давлат ва Вазорати нафти ин кишварро ба қатъи воридоти газ аз Туркманистон мукаллаф хоҳад кард.

Фаридуни Ҳасанванд гуфт, ин хилофи тааҳҳудоти урфи дипломатӣ аст, ки кишваре тамоми қоидаҳо ва қавонини байналмилалиро зери по мегузорад ва ба навъе боҷгирии давлатӣ даст мезанад ва ба далели ин ки Эрон ба гази Туркманистон ниёз дорад, ҳар дафъа бино бар баҳонаҳо ва далоили ғайримуҷоз ба қатъи газ таҳдид мекунад.

 

 

Барчасп