Амирабдуллоҳиён : Сардори шаҳид, Сулаймонӣ лоиқтарин намоди сулҳи ҷаҳонӣ аст
Вазири умӯри хориҷаи Эрон дар вокуниш ба иқдоми сиёсии Кумитаи сулҳи Нобел гуфт : Лоиқтарин намоди сулҳи ҷаҳонӣ, сардори фидокоре буд, ки 2 даҳа бо тероризм ва хашинтарин ҷинояткорон мубориза ва амнияти минтақа ва ҷаҳонро тазмин кард.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон,Ҳусайни Амирабдуллоҳиён дар шабакаи иҷтимоии Х навишт : Ҳузури даҳҳомиллионии мардум дар ташйиъи шаҳид,ҳоҷӣ Қосими Сулаймонӣ дар Эрону Ироқ ва ҳамдилии ҷаҳонён бошукӯҳтарин ва мондагортарин супурдани ҷоизаи сулҳ дар таърих буд.
Кумитаи Нобели Норвегия рӯзи ҷумъа эълом кард ҷоизаи соли 2023 худро ба Наргиси Муҳаммадӣ эҳдо мекунад.
Наргиси Муҳаммадӣ дар ҷараёни фитнаи соли 1388-и шамсӣ ва фаъолиятҳои зидди ҳуқуқи башарӣ ва мухолифу муғойир бо манофеи миллати Эрон дар Конуни мудофеъони ҳуқуқи башар ; конуне, ки раёсати онро Ширини Ибодӣ бар ӯҳда дошт, ибтидо мамнӯъулхурӯҷ ва сипас дар хурдоди 1389-и шамсӣ боздошт шуд.
Вай дар хурдоди 1400-и шамсӣ низ ба иттиҳомоти « таблиғи алайҳи низом », « таҳассун дар дафтари зиндон », « тамарруд аз раёсату мақомоти зиндон » ва « тахриби шишаҳо » ва « ифтиро » бори дигар маҳкум шуд ва ба зиндон афтод.