Октябр 08, 2023 13:15 Asia/Dushanbe
  • Ройзании вазирони хориҷаи Эрон ва Туркияи дар мавриди таҳаввулоти Фаластин
    Ройзании вазирони хориҷаи Эрон ва Туркияи дар мавриди таҳаввулоти Фаластин

Вазирони хориҷаи Эрон ва Туркия дар гуфтугуи телефонӣ таҳаввулоти Фаластинро баррасӣ карданд.

Ҳусейн Амирабдуллоҳён вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҳокони Фидон вазири умури хориҷаи Туркияи дар хусуси таҳаввулоти Фаластин баҳсу табодул назар карданд.

Ба гузориши ИРНА ду тараф дар гуфтуи телефонӣ зимни арзёбии охирин таҳаввулоти Фаластин бар аҳамияти эҳтиром ба ҳуқуқи мардуми Фаластин таъкид карданд.

Амирабдуллоҳён дар ин гуфтугуи телефонӣ ҳаракати муқовиматро худҷуш ва натиҷаи ҷиноёти мустамари режими саҳюнистии зидди Фаластин хонд.

Вазири умури хориҷаи Эрон ҳамчунин бар зарурати ҳамбастагӣ ва инсиҷоми кишварҳои исломӣ дар ҳимоят аз Қудси шариф ва пуштибонӣ аз миллати мазлум ва муқовими Фаластин таъкид кард.

Барчасп