Сарлашкар Боқирӣ: «Тӯфони Алақсо» ҳайбати дуруғини режими саҳюнистиро ба исбот расонд
Раиси Ситоди кулли неруҳои мусаллаҳи Эрон дар паёме бо табрики амалиёти ғурурофарини Ҳамос таъкид кард, «Тӯфони Алақсо» бори дигар ҳайбати дуруғини режими ишғолгари Қудсро ба исбот расонд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, сардор сарлашкар Муҳаммади Боқирӣ, дар паёме навишт, амалиёти таркибӣ ва ғурурофарини гурӯҳҳои муборизи фаластинӣ таҳти унвони «Тӯфони Алақсо», алайҳи мавозеъ ва истеҳкомоти режим то дандон мусаллаҳи саҳюнистӣ дар сарзаминҳои ишғолӣ, бори дигар ҳайбати дуруғини ин режими ишғолгарро ба исбот расонд.
Сарлашкар Боқирӣ афзуд, размандагони муқовимати фаластинӣ дар ин амалиёти ғофилгирона, ки аз ҳаво, дарё ва замин алайҳи мавозеъи артиши режими саҳюнистӣ тадорук дида буданд, саҳнаҳои дурахшоне аз муқовимату истодагии як миллати ранҷдида ва таҳти ситамро ба манаса зуҳӯр нишонданд.
Вай тасреҳ кард, агар рӯзе интифозае санг танҳо абзори дифои миллати бедифои Фаластин буд,аммо имрӯз муборизони фаластинӣ ба тавонмандӣ ва рушде расидаанд, ки қодиранд дар як амалиёти таркибии печида бо шиллики ҳазорон ракету мӯшак, заработи саҳмгине ба душмани саҳюнистӣ ворид созанд ва тавони падофандӣ ва Гунбади оҳанини ӯро ба тамасхур бигиранд.
Сарлашкар Боқирӣ хотирнишон кард, «Тӯфони Алақсо» кобӯси фурӯпошии режими саҳюнистиро барои сарони ин режим ба яқин табдил ва собит кард, бархе талошҳои мазбӯҳона монанди намоиши музҳики раванди одисозӣ, қодир нахоҳад буд, раванди рӯ ба уфӯлу фурӯпошии хонаи анкабутро кунд ё ба таъхир биандозад.