Раҳбари муаззами инқилоб : Ғарб бояд посухгӯи лагадмол кардани иззату шарофати зан бошад
(last modified Mon, 09 Oct 2023 06:44:57 GMT )
Октябр 09, 2023 11:44 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари муаззами инқилоб : Ғарб бояд посухгӯи лагадмол кардани иззату шарофати зан бошад
    Раҳбари муаззами инқилоб : Ғарб бояд посухгӯи лагадмол кардани иззату шарофати зан бошад

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар дидори дастандаркорони баргузарии дуюмин Конгресси миллии бузургдошти шуҳадои устони Ҳамадон гуфтанд : Ғарб бояд посухгӯи лагадмол кардани иззату шарофати зан бошад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз пойгоҳи иттилоърасонии дафтари мақоми муаззами Раҳбарӣ, ҳазрати Оятуллоҳи Хоманаӣ Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар дидори дастандаркорони баргузарии дуюмин Конгресси миллии бузургдошти шуҳадои устони Ҳамадон, ки 27 сентябр анҷом шуд ва  имшаб дар маҳали баргузарии ҳамоиш дар Ҳамадон мунташир шуд таъкид карданд: Борҳо таъкид шуда, ки Ҷумҳурии исломӣ дар мавзӯи зан дар мавзеъи таҳоҷум аст ва на дифоъ зеро Ғарб бояд посухгӯи лагадмол кардани иззату шарофати зан бошад

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ бо ишора ба дурахшиши устони Ҳамадон дар мақотеъи мухталифи таърих то кунӯн ба вижа дар даврони пирӯзии инқилоби исломӣ дифоъи муқаддас, афзуданд : Муҳимтарин вазифа, зинда нигаҳ доштани ёду номи шуҳадо бо корҳои фахрии ҳунари ва  расондани паёми онҳо ба дилҳо аст.

Ҳазрати Оятуаллоҳ Хоманаӣ таъсиргузортарин равиш барои зинди нигаҳ доштани номи шуҳадоро истифода аз шеваҳои ҳунарӣ барои тавлиди осори фахри барои муаррифии ин улгуҳо, баршумурданд ва хотирнишон карданд: Як намӯна аз ин улгуҳо, марҳуми хонуми Даббоғ аз Ҳамадон аст, ки ҳамчун шуҳадо буд ва вай метавонад ба унвони улгуи барҷастаи як зани исломӣ ба ҷомеъа муаррифӣ шавад.

Эшон бо ишора ба муборизот ва фаъолиятҳои густардаи иҷтимоъӣ, фарҳангӣ  сиёсӣ ва ҳатто низомии хонуми Даббоғ. пеш аз Инқилоби исломӣ баъд аз он гуфтанд : Хонуми Даббоғ шахсияте буд, ки дар даврони муборизот, ҳамчун як чирик мубориза мекард ва дар даврони ҳузури Имом ( раҳ ) дар Париж,  ҳамроҳи Имоми машғӯли фаъолият ва  талош буд ва  баъд аз пирӯзии Инқилоби исломӣ низ фармондеҳи Сипоҳ Ҳамадон шуд ва дар арсаҳои сиёсӣ ва  иҷтимоӣ то онҷо пеш рафт ки Имоми вайро ба унвони яке аз аъзои ҳайати се нафара эъзом ба Маскав барои додани паём ба Горбачов интихоб карданд.

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ яке дигар аз масодиқи корҳои ҳунариро нишон додан  тақобул миёни исломият ва миллият  бо истифода аз ному роҳи шаҳидон донистанд ва тасреҳ карданд: Аз ибтидои Инқилоб бархе талош доштанд то исломият ва  миллиятро ду қутби муқобили ҳам қарор диҳанд дарҳоле,  ки шуҳадо ба таври возеҳ, нодуруст будани ин васвасаи ботилро нишон доданд.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ хотирнишон карданд : Ҳангоме, ки Эрон мавриди таҳоҷуми байналмилалӣ қарор гирифт касоне, ки муддаии тарафдорӣ аз Эрон буданд, ё дар хонаҳои худ хазиданд ва ё аз Эрон хориҷ шуданд аммо касоне, ки аз Эрон дифоъ карданд ҳамон « бача мусулмонҳо » ва « намози шаб хонҳо » буданд ва нишон доданд эроният ва  исломият як ҳақиқат воҳид аст.