Намояндагии Эрон дар Созмони Милал: Иқдомоти Фаластин дифои машруъ дар муқобил ишғол аст
(last modified Mon, 09 Oct 2023 12:34:08 GMT )
Октябр 09, 2023 17:34 Asia/Dushanbe
  • Намояндагии Эрон дар Созмони Милал: Иқдомоти Фаластин дифои машруъ дар муқобил ишғол аст
    Намояндагии Эрон дар Созмони Милал: Иқдомоти Фаластин дифои машруъ дар муқобил ишғол аст

Намояндагии Эрон дар Созмони Милали Муттаҳид бо эъломи ин ки иқдомоти Фаластин дифои комилани машруъ дар муқобили ҳафт даҳаи ишғоли золимона ва ҷиноёти фаҷеъи режими номашруъи саҳюнистӣ аст ҳар гунаи дахолат дар амалиёт Туфони алақсоро рад кард.

Ба гузориши хабаргузории Форс намояндагии доими Эрон дар Созмони Милали Муттаҳид дар баёнияи бо эъломи инки иқдомоти қотеъи Фаластин дифои комилан машруъ дар муқобили ҳафт даҳаи ишғоли золимона ва ҷиноёти фаҷеъи режими номашруъи саҳюнистӣ аст таъкид кард: Ҷумҳурии Исломии Эрони қотеъона дар ҳимояти мусаммам аз Фаластин истода аст аммо дар посухи Фаластин ба режими саҳюнистӣ дахолатӣ надорад.

Намояндагии Эрон дар Созмони Милали Муттаҳид ҳамчунин эълом кард муваффақияти амалиёти ҳамос ба далели ғофилгерӣ буд ки онро ба бузургтарин шикасти созмонҳои амниятии режими саҳюнистӣ табдил мекунад.

Гуруҳҳои муқовимати Фаластини рузи шанбе 7 октябр дар посух ба шароратҳои режими саҳюнистӣ амалиёти ҳамаи ҷониба ва беназириро аз борикаи Ғаза зиди мавозиъи режими саҳюнистӣ дар сарзаминҳои ишғолӣ оғоз карданд амалиёте ки дар умри 75 солаи ишғолгарони ғосиб назир надошта ва саҳюнистҳоро дар шок фуру барда аст.

Барчасп