Октябр 10, 2023 10:05 Asia/Dushanbe
  • Гуфтугуи телефонии вазирони умӯри хориҷаи Эрону Қатар дар бораи вазъияти Фаластин

Вазири умӯри хориҷаи Эрон ҳимояту дифо аз ҳуқуқи миллати Фаластинро вазифаи ҳамаи кишварҳои исломӣ хонду ташдиди ҷиноёти режими саҳюнистиро боиси печидатар шудани шароит дар Фаластину минтақа баршумурд.

Ба гузориши Садои Хуросон,Ҳусайни Амирабдуллоҳиён шомгоҳи душанбе дар гуфтугуи телефонӣ бо шайх Муҳаимад бин Абдурраҳмон оли Сонӣ-нахуствазир ва вазири умӯри хориҷаи Қатар дар бораи таҳаввулоти ҷорӣ дар Фаластин табодули назар кард. Вазири умӯри хориҷаи Эрон ҳимояту дифо аз ҳуқуқи миллати Фаластинро вазифаи ҳамаи кишварҳои исломӣ хонду ташдиди ҷиноёти режими саҳюнистиро боиси печидатар шудани шароит дар Фаластину минтақа баршумурд. Амирабдуллоҳиён ҳамчунин дар гуфтугӯи телефонӣ бо Сайидбадр бин Ҳамад Албусаъидӣ-вазири умури хориҷаи Уммон дар бора таҳаввулоти Фаластин ройзанӣ карду баргузории нишасти изтирории Созмони ҳамкории исломиро хостор шуд.

 

Барчасп