Октябр 11, 2023 13:16 Asia/Dushanbe
  • Оғози размоиши дарёии минтақаӣ бо рамзи «Муҳаммад Расулуллоҳ» (с)- 2  дар Халиҷи Форс

Размоиши дарёии минтақаии «Муҳаммад Расулуллоҳ» (с)- 2 бо ҳузури ягонҳои шиноварии марзбонии Ҳурмузгон, Бушеҳр, Чобаҳор ва Қишм дар обҳои нилгуни Халиҷи ҳамеша Форс, савоҳили Бандараббос ва ҷазираи Ҳурмуз оғоз шуд.

Ба гузориши ИРНА, размоиши дарёии минтақаии «Муҳаммад Расулуллоҳ» (с)- 2 бо барномаи муқобила бо шиноварҳои мутаҷовизи марзӣ, муқобила бо шиноварҳои ҳомили колои қочоқу муқобила бо сирқатҳои дарёӣ бо ҳузури сардор сартип Аҳмадризо Родон, фармондеҳи кулли неруи интизомӣ, сардор сартип Аҳмадалии Гӯдарзӣ, фармондеҳи марзбонӣ, Маҳдии Дӯстӣ, устондори Ҳурмузгон ва масъулони кишварӣ ва лашкарӣ ва имрӯз (чаҳоршанбе) дар обҳои Халиҷи Форс оғоз шуд.

Ҳадаф аз баргузории размоиш афзоиши тавони размии марзбонони мустақар дар устонҳои соҳилӣ ва эҷоди зариби амниятӣ дар сатҳи марзҳои обии Халиҷи Форс аст, ки бо ҳузури густардаи неруҳои дарёбони Ҳурмузго , Бушеҳр ва чобаҳор баргузор мешавад.

 

Барчасп