Номаи расмии Эрон барои мизбонии нишасти изтирории вазирони хориҷаи кишварҳои исломӣ
Октябр 11, 2023 20:49 Asia/Dushanbe
Намояндагии доими Эрон назди Созмони Ҳамкории Исломӣ дар Ҷадда бо ирсоли ёддошти расмӣ ба дабирхонаи ин созмон, омодагии Эрон ҷиҳати мизбонии нишасти изтирории вузарои хориҷаи ин созмонро эълом кард.
Намояндагии доими Ҷумҳурии исломии Эрон назди Созмони Ҳамкории Исломӣ дар Ҷадда дар рӯзи сешанбеи 18 меҳрмоҳи 1402 тайи як ёддошти расмӣ ба дабирхонаи ин созмон, зимни ибрози маротиби ташаккури доктор Амирабдуллоҳиён, вазири умури хориҷаи Эрон аз Иброҳим Тоҳо, дабири кулли Созмони Ҳамкории Исломӣ ба манзури табодули назар ва музокираи созанда дар хусуси таҳаввулоти Фаластини ишғолӣ, омодагии комили Эрон ҷиҳати мизбонии нишасти изтирории Шӯрои вазирони умури хориҷаи Созмони Ҳамкории Исломиро расман эълом намуд.