Эрониҳо харидори бандари Махачқалъа ҳастанд
Раисҷумҳури Доғистони Федератсияи Русия эълом кард, эрониҳо муштарии аслии харидани саҳмияҳои бандари Махачқалъа, воқеъ дар канораи шимолу ғарбии баҳри Хазар ҳастанд.
Ба гузориши хабаргузории “Спутник”, Рамазон Абдулатипов, раисҷумҳури Доғистон гуфтааст, “эрониҳо омодагии худро барои харидани саҳмияҳои ин бандар эълом кардаанд ва мо тибқи ҳамин барнома, омодаи ҳамкорӣ бо Ветнам, Чин, Туркия ва Озарбойҷон низ ҳастем”.
Бандари Махачқалъа ягона бандари Русия дар баҳри Хазар аст, ки дар зимистон ях намекунад. Ин бандар, ки умқи кофӣ барои паҳлӯгирии киштиҳои бузург дорад, нуқтаи муҳими роҳбурдӣ барои системаи ҳамлу нақли ҷануби Русия бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, минтақаи он сӯи Қафқоз ва соири кишварҳои минтақа аст.
Раисҷумҳури Доғистон ду моҳ қабл низ дар дидор бо Маҳдии Саноӣ, сафири Эрон дар Русия аз фаъолияти сармоягузорони эронӣ дар бандари Махачқалъа истиқбол карда буд.
Доғистон, яке аз 22 ҷумҳурии дохили Федератсияи Русия бо 50300 километри мураббаъ масоҳат ва беш аз се миллион нафар ҷамъият дар соҳили ғарбии баҳри Хазар ва дар қисмати шарқии Қафқоз воқеъ шудааст, ки марказ ва бузургтарин шаҳри он, Махачқалъа дар канора Хазар аст.