Октябр 15, 2023 10:28 Asia/Dushanbe
  • Идомаи ройзаниҳои вазири умури хориҷаи Эрон дар бораи таҳаввулоти Фаластин дидори Амирабдуллоҳён бо Ҳания
    Идомаи ройзаниҳои вазири умури хориҷаи Эрон дар бораи таҳаввулоти Фаластин дидори Амирабдуллоҳён бо Ҳания

Ҳусайн Аамирабдуллоҳён вазири умури хориҷаи Эрон дар идомаи ройзаниҳояш дар бораи таҳаввулоти Фаластин рузи шанбе дар Давҳа бо Исмоил Ҳания раиси дафтари сиёсии ҷумбиши муқовимати исломии Ҳамос дидору гуфтугу кард.

Ба гузориши ИРНА, ин аввалин дидори расмии Ҳания бо мақомоти Эрон баъд аз пирузии амалиёти Туфони алақсо аст.

Шикасти фоҷеъабори саҳюнистҳо ва аз даст додани бархе шаҳракҳо ва мақарҳои низомӣ боис шудаи сарони ин режим дар рузҳои ахир ғайринизомиён ва мардуми бегуноҳи Ғаззаро мавриди ҳамла қарор дода ва бо муҳосираи онҳо ҷинояти ҷангӣ муртакиб шаванд.

Амирабдуллоҳён бо сафари минтақаи худ ба Ироқ, Лубнон, Сурия ва Қатари ройзаниҳо барои пешгири аз ҷиноёти ин режимро пайгирӣ мекунад.

Барчасп